“Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо забони ӯзбекӣ аз чоп баромад. Дар ин бора шоир ва рӯзноманигор Исмоил Зарифӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар додааст.

Китоби мазкур бо теъдоди 10000 нусха дар ҳаҷми 704 саҳифа ба табъ расида, аз тарафи як гурӯҳ тарҷумонҳо ба забони ӯзбекӣ тарҷума шудааст.

“Шоҳнома”-ро нашриёти давлатии “Энсиклопедияи миллии Ӯзбекистон” аз чоп бароварда, олими тавоно Маҳкам Маҳмуд китобро ба чоп омода намудааст.

Нашри ӯзбекии “Шоҳнома” барои дӯстдорони осори мондагори Фирдавсӣ тӯҳфаи бузург аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here