Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мусиқӣ дар толори мусиқӣ-камеравии Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон барномаи консертӣ баргузор мегардад.

Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, консерти академии истеъдодҳои ҷавон бо иштироки оҳангсозону мусиқишиносон санаи 1-уми октябри соли равон барпо хоҳад гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан ба тарғиби мусиқии касбӣ ҳамчун санъат дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароит баҳри татбиқи имкониятҳои эҷодии наврасону ҷавонон гузаронида мешавад.

Рӯзи байналмилалии мусиқӣ бо ташаббуси Шӯрои байналмилалии мусиқии назди созмони ЮНЕСКО дар Ассамблеяи Генералии 15-ум дар шаҳри Лозанна соли 1973 таъсис дода шуда, аз соли 1975 инҷониб 1-уми октябр ҳамасола хамчун Рӯзи байналмилалии мусиқӣ ҷашн гирифта мешавад.

Яке аз ташабусскорони таъсиси ин ҷашн оҳангсози маъруф Дмитрий Шостакович буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here