3-юми марти соли равон дар толори консертии “Кохи Суруш” чорумин маросими ҷоизасупории “Tamoshow Music Awards” баргузор гардид.

Ҳамасола аз тарафи ташкилкунандагони ин чорабинии фарҳангӣ ба сарояндагоне, ки суруду клипҳояшон дар канали “Tamoshow” дар шабакаи YouTube тамошобини зиёд пайдо мекунад, ҷоизаи мазкур тақдим карда мешавад.

Имсол низ чун солҳои қаблӣ беҳтаринҳо сазовори ин ҷоиза гардиданд ва ситораи тобноки Руссия Согдиана меҳмони махсуси ин чорабинӣ буд. Дар маросими имсолаи ҷоизасупории “Tamoshow Music Awards” Ҷонибек Муродов барои суруди “Дӯстӣ”, Мино барои таронаи “Кай меоӣ” ва Валиҷон Азизов барои суруди “Куҷоӣ” соҳиби ҷоиза гардиданд.

Меҳрнигори Рустам барои се таронааш, “Аспи базеб”, “Маҷнун”, “Рӯё” ва Фирӯза Ҳафизова барои ду сурудаш, “Сайри ҷаҳон” ва “Рӯз надидам” ҷоизаи имсоларо ба даст оварданд. Ба Мадина Ақназарова барои суруди “Ай ёр-ёр”, ба Дамирбек Олимов барои таронаи “Ношинос” ва ба Баҳром Ғафурӣ барои суруди “Мастам” ҷоизаи мазкур тақдим гардид. Зулайхо Маҳмадшоева бо суруди “Муҳаннад”, ки ба ҷигарбандаш бахшидааст ва Нигина Амонқулова барои саҳми арзандааш дар рушди санъати миллӣ сазовори ҷоизаи “Tamoshow Music Awards” гардиданд. Ситораҳои рэп Баха-84 ва M.One (Мастер Исмайл) низ аз ҷоизаи имсола бебаҳра намонданд.

Маврид ба ёдоварист, ки ҷоизаи мазкур аз соли 2014 инҷониб ба овозхонҳои беҳтарини кишвар, ки суруду клипҳояшон дар шабакаи YouTube тамошобини зиёд пайдо мекунад, дар мавриди тантанавӣ супорида мешавад. Ташкил ва баргузории ин чорабинии мутантанро Беҳрӯз Зеваров, продюсер ва директори ширкати “Топ Медиа” ба ӯҳда дорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here