Дар шаҳри Маскав дар доираи тарҳи “BAZM” ситораҳои эстрада ва рэп дар як саҳнаи бузург ҷамъ хоҳанд омад. Дар ин хусус сомонаи “Sputniк Тоҷикистон” хабар додааст.

Аслишо Акимбеков (Аслишо Карим), як ҷавони фаъоли тоҷики муқимии шаҳри Маскав бо лоиҳаи нави худ, ки “Станция Душанбинская” (“Истгоҳи Душанбе”) ном дорад, 12 ситораи эстрада ва рэпро ба як саҳна меорад. Қарор аст, ин ҷашнвораи мусиқавӣ санаи 9-уми июни соли 2019 дар толори консертии “Vegas City Hall” баргузор бигардад.

Дар ҷашнвора гурӯҳи “Авесто”, Баҳроми Ғафурӣ, Дамирбек Олимов, Хайём Хаёлбеков, Мастер Исмайл, Абдулкарим, Ҷон Даллер, Natan, Кilla Voice, Витто Ягмуров ва Согдиана ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Инчунин, ҳунарнамоии ансамблҳои рақсӣ низ дар назар аст.

“Чун Душанбе пойтахти Тоҷикистон аст ва ҳамаро ба ҳам меорад, мо низ ҳадаф дорем сарояндагони миллатҳои гуногунро дар Маскав дар “Истгоҳи Душанбе” ба ҳам биёрем. Як далели дигари интихоби ин унвон пешниҳод ба шаҳрдории Маскав аст, ки мехоҳем истгоҳеро дар метрои Маскав ба номи “Душанбинская” гузоранд”,-гуфтааст Аслишо Акимбеков дар сӯҳбат бо “Sputniк Тоҷикистон”.

Ҷашнвораи мазкур нахустин ҷашнвора дар доираи тарҳи “BAZM” буда, минбаъд идомаи бештари онҳо дар нақша аст. Хоҳишмандон метавонанд чиптаҳоро барои тамошои ин ҷашнвора аз хазинаи “Vegas City Hall” дастрас намоянд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here