Баъзан вақт дандонҳои мо бо сабабҳои гуногун зард мешаванд, ки бо шустан сафед кардани онҳо ғайри имкон аст. Дандонҳои зард боис мешаванд, ки даҳони мо бадбӯй бигардад ва ин албатта, ҳам барои худамон ва ҳам барои атрофиён нороҳаткунанда мебошад.

Зебогии инсон ба сафедӣ ва тозагии дандонҳо низ алоқамандӣ дорад. Рӯҳафтода набошед, зеро мо барои шумо роҳи аз ҳама осон ва оддитарини сафед кардани дандонҳоро пешкаш месозем. Барои омода намудани маҳлуле, ки мо бо воситаи он дандонҳои худро сафед кардан мехоҳем, “пероксиди гидроген 3%” (перекись водорода), сода ва лимӯ лозим аст.

Ним қошуқча маҳлули “пероксиди гидроген 3%” ва ним қошуқча содаро ба ҳам омехта намуда, бо он 5 чакра оби лимӯ илова намоед. Инчунин, каме аз хамираи дандоншӯӣ низ ба маҳлул илова карда, бо он дандонҳои худро пас аз истеъмоли хӯрок бишӯед. Ин амалро ба муддати як моҳ давом бидиҳед ва ҳатман натиҷаашро хоҳед дид. Фаромӯш насозед, ки баъди бо маҳлули тавсияшуда шуштани дандонҳоятон ба муддати як соат аз нӯшидани оби хунук ва чойи нисбатан гарм худдорӣ намоед. Вақте ки дандонҳоятон сафед шуд, бо хамираи дандоншӯии оддӣ чун ҳар вақта шустани дандонҳои худро давом бидиҳед.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here