Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ва сардори шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанг Абдуғаффор Абдуҷабборов дар ҷаласаи 16-уми вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ширкат намуданд.

14 майи соли 2019 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 16-уми вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ шурӯъ намуд. Дар он Тоҷикистонро Вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода ва сардори шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов намояндагӣ карданд.

Ҷаласаи мазкур масъалаҳои робитаҳои фарҳангӣ байни кишварҳои аъзои СҲШ ва таҳкими минбаъдаи онҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ҷаласа Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар мавзӯи «Ҳолат ва чораҳои беҳбудӣ бахшидани ҳамкориҳои фарҳангӣ дар доираи СҲШ, нозирон ва шарикони муколамаи СҲШ» баромад намуд.

Созмони ҳамкории Шанхай – Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимамалкунанда мебошад. Ба созмони мазкур Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон ва Покистон аъзо мебошанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here