Дар Британияи Кабир меъмореро бо исми Натан Мидс пайдо намудаанд, ки ба ҳунарманди амрикоӣ Брэд Питт сахт монандӣ дорад.

Бинобар гузориши “Mirror”, ҳанӯз даҳ сол қабл Натан Мидс, ки ҳоло 33 сол дорад, мавриди таваҷҷӯҳи наврасону ҷавонон қарор гирифта буд. Ӯро ба Брэд Питт монанд карда, ҳамроҳаш акс гирифтан мехостанд ё соядаст мепурсиданд.

“Ба ҳеҷ куҷо рафта наметавонам. Масалан, вақте ба мағоза меравам, мушоҳида мекунам, ки чӣ гуна фурӯшандаҳо ба ҳамдигар миш-миш карда, маро ба Брэд Питт монанд мекунанд”,-гуфтааст Натан Мидс ба хабарнигорон.

Чеҳраи меъмор то ҳол тағйир наёфтааст ва худро ба ҳунарманд монанд ҳам намекунад. Аммо аз оне ки ӯро ба Брэд Питт монанд мекунанд, асабӣ намешавад. Баръакс мисли ҳунарманд риш монда, дар кӯчаҳо гашту гузор мекунад.

Натан Мидс кӯшиш мекунад, ки ба ҳамаи паёмҳои мухлисонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавоб диҳад. Ҳамарӯза ба унвони ин меъмори ба ҳунарманд монанд, садҳо смс-паёмак меояд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here