Рӯзҳои наздик давоми панҷ рӯз дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 90-солагии кинои тоҷик Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мустанад “Дидор” баргузор мегардад.

Ҷашнвораи мазкур давоми санаҳои 16-20-уми октябри соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, сарпарастии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон барпо мегардад.

Дар доираи чорабинӣ 57 филми кӯтоҳ ва дарозмуддати мустанади муаллифӣ, аз ҷумла, дар бахши озмуни байналмилалӣ 15 филм, дар бахши озмуни филмҳои тоҷикӣ 8 филм ва 11 филми ғайриозмунии ин ду бахш намоиш дода мешавад. Ҳамчунин, 6 филми синамогарони Ӯзбекистон, 6 филм аз Ҷашнвораи “Артдокфест”-и Русия ва филми мустанади Мамадқул Арабов “Бобоҷон Ғафуров: хориқаи тоҷикон” дар идомаи ҷашнвора намоиш дода хоҳанд шуд.

Дар нахустин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мустанад “Дидор” намоиши филмҳои таҳиякардаи коргардонҳо аз Афғонистон, Британия Кабир, Амрико, Олмон, Озарбойҷон, Ҳолланд, Эрон, Фаронса, Чехия, Исроил, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар назар аст.

Ба гуфтаи директори ҷашнвораи мазкур, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафари Ҳақдод мақсад аз баргузор намудани ҷашнвора ҷалб кардани таваҷҷӯҳи ҷомеа ба филмҳои мустанад ва омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар мебошад. Зеро соҳои охир қариб дар ҳама кишварҳо ба филмбардории мустанад кам таваҷҷӯҳ зоҳир гардида, ҷои онро филмбрадории ҳунарии тиҷортӣ танг кардааст.

Маросими ифтитоҳи нахустин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мустанад “Дидор” дар Рӯзи кинои тоҷик – 16-уми октябри соли равон, соати 10:00 дар толори бузурги синамохонаи “Зебуннисо” бо намоиши филми коргардони тоҷик Шарофат Арабова “Падар: ба хотираи Мамадқул Арабов” оғоз мегардад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here