Пагоҳ, 28-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҷумҳуриявииҶилваи рангҳо” баргузор мегардад.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ медиҳад.

Қарор аст, ҷашнвораи мазкур соати 16:00 дар майдони назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барпо шавад.

Ҷашнвора бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, мақсад баланд бардоштани нақши либоси миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон, мардон ва риояи тарзи пӯшидани онҳо мебошад.

Ҳамчунин, дар доираи ҷашнвора намоиши либосҳои миллӣ ва муосир, баргузории барномаҳои гуногун ва “Корвони шодӣ” дар назар аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here