Маросими ифтитоҳи Фестивалозмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту2019” санаи 15 апрел, соати 9:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва ба муносибати 80-солагии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов аз 15 то 22 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2019” баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷашнвораи мазкур 18 театрҳои касбии кишвар намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, ба маърази тамошобинон ва ҳакамони озмун пешниҳод хоҳанд кард.

Маросими ифтитоҳи Фестивал-озмун 15 апрел, соати 9:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ботантана баргузор мегардад. Қарор аст, дар  доираи ҷашнвора ду мизи мудаввар – яке дар мавзӯи “Маҳмудҷон Воҳидов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик” ва дигаре “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” баргузор гардад. Масъули Вазорати фарҳанг қайд намудаанд, ки даромад ба тамоми намоишҳо ройгон аст.

Базнашр аз сомонаи Sputnik Тоҷикистон

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here