Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии муштарак дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қувайт баргузор мегардад.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги кишвар, санаҳои 14-18-уми октябри соли ҷорӣ аҳли фарҳангу ҳунари Давлати Қувайт барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ, намоишгоҳи китоб, аксу мусаввараҳо ва базми шеър пешниҳод менамоянд.

Субҳи 15-уми октябр дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қувайт мулоқот анҷом медиҳад. Сипас барои ҳайати расмии ҷониби меҳмон сайри Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Ҳамон рӯз соати 16:00 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Садриддин Айнӣ намоиши мусаввараҳои рассомони қувайтӣ, аксҳо доир ба таърихи муносибатҳои дипломатии байни ҶумҳурииТоҷикистон ва Давлати Қувайт баргузор мегардад. Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанг соати 17:00 дар толори театри мазкур дар назар аст. Барномаи ифтитоҳ аз филми мустанади синамогарони Қувайт ва барномаи консертии муштарак иборат аст.

Санаи 16-уми октябр, соати 11:00 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи китоб – нашри Шӯрои фарҳанги Давлати Қувайт ва базми шеъри шоирони қувайтиву тоҷик доир мегардад.

Ҳайати ҳунарии меҳмонон рӯзҳои 17-18-уми октябр ба шаҳри Норак ва ноҳияи Варзоб рафта, бо табиати биҳиштосои диёрамон шинос мегарданд ва якҷоя бо ҳунармандони тоҷик барномаҳои муштараки консертӣ доир менамоянд.

Ҳамчунин, боздиди меҳмонон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Боғи “Парчами миллӣ” ва дигар мавзеъҳои таърихию фароғатии шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here