Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Ҳиндустонро баргузор намояд.

Ба иттилои хабаргузории “Sputnik Тоҷикистон”, намоиши филмҳои истеҳсоли синамогарони ҳинд аз 22-юм то 27-уми сентябри соли ҷорӣ идома меёбад.

Ҳамарӯза дар доираи Рӯзҳои синамои Ҳиндустон дар синамохонаи “Зебунисо” шурӯъ аз соати 17:30 як филми ҳиндӣ бо тарҷумаи забони тоҷикӣ ва зернависи англисӣ намоиш дода мешавад. Дар рӯзи нахустин намоиши филми ҳунарии “Малика” дар назар аст.

Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ таҳкими муносибатҳои дӯстии ду кишвар ва шиносоии бештари синамогарони тоҷик ва мухлисони филмҳои ҳиндӣ бо беҳтарин намунаи дастовардҳои синамогарони ҳинд мебошад.

Давоми шаш рӯз даромад ба намоиши филмҳои ҳиндӣ ройгон ба роҳ монда шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here