Дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия сохтмони “Хона-осорхонаи фарҳанги миллии тоҷикон” оғоз гардид.

Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Толиб Баротов, Раиси Маркази мухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Русия имрӯз зимни вохӯрӣ бо вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода оид ба муносибатҳои фарҳангӣ сӯҳбат намуданд.

Баротов қайд намуд, ки корҳои сохтмонӣ дар “Хона-осорхонаи фарҳангии миллии тоҷикон” оғоз гардида, муассиса солҳои 2020-2021 ба истифода дода хоҳад шуд.

“Мақсад аз ташкили осорхонаи мазкур тарғиби фарҳанги тоҷикон аст, то тоҷикони муқими Оренбург аз таърихи ниёгон, адабиёт, илм ва санъату ҳунари аҷдодӣ огоҳ ва бархурдор бошанд”,-изҳор доштааст Толиб Баротов.

Осорхонаи мазкур дорои китобхона бо адабиёти адибони классику муосир, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи санъати тасвирӣ, асбобҳои мусиқӣ, асбобҳои рӯзгор ва нигораҳои таърихӣ, либосҳои миллӣ, хона ва меҳмонхонаи тоҷикӣ, ошхона бо таомҳои миллӣ хоҳад буд.

Маркази худмухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Русия соли 2012 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Марказ соҳиби газетаи худ бо номи «Согдиана» мебошад, ки қаблан бо номи «Паёми Оренбург» нашр мешуд.

Ҳамчунин, ҷилди аввал ва дуюми китоби “Тоҷикон дар Оренбург” (“Таджики в Оренбурге”) ба табъ расида, ҳоло нашри ҷилди сеюми китоби мазкур дар назар аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here