Осорхонаи машҳури ҷисмҳои мӯмиёшудаи ба номи “Madame Tussauds” дар шаҳри Ҳонконг ният дорад, ки ҷисми мӯмиёшудаи Шридеви Капурро ба намоиш гузорад.

Дар ин бора маъмурияти осорхона дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи Твиттер хабар додааст.

Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, Шридеви 13-уми август ҷашни мавлуд дошт ва кулли наздикону дӯстдорон ва мухлисонаш дар шабакаҳои иҷтимоии худ аз ин бонуи саропо ҳунар ёд кардаанд.

Осорхонаи ҷисмҳои мӯмиёшудаи “Madame Tussauds” дар шаҳри Ҳонконг низ бахшида ба 56-солагии ҳунарманд тасмим гирифтааст, ки ҷисми мӯмиёшудаи ситораро дар осорхона ҷой бидиҳанд.

“Зодрӯз муборак, Шридеви Капур! Ҳамчун нишони эҳтиром ба ситораи машҳури Болливуд, бо хушнудӣ эълон менамоем, ки дар аввали моҳи сентябр ҷисми мумиёшудаи ӯ дар осорхонаи мо гузошта мешавад”,-навиштаанд маъмурияти осорхона дар саҳифаи расмии Твиттери худ.

Бони Капур, шавҳари ҳунарманд аз ин амали хонум Тюссо, ки асосгузори осорхонаи мазкур мебошад, дар саҳифаи Твиттери худ изҳори хушнудӣ намудааст.

“Аз оне ки хонум Тюссо ҳайкали мӯмиёшудаи Шридевиро дар осорхонаи худ мегузорад, ман хеле рӯҳбаландам. Ин баҳои баланд ба саҳми ӯ дар соҳаи синамо ва роҳи шоистаи эҳтироми ӯ мебошад. Оилаи мо дар ин маросим ҳатман иштирок хоҳанд кард”.

Ёдовар мешавем, ки ситораи машҳури Болливуд Шридеви Капур санаи 24-уми феврали соли 2018 дар синни 54-солагӣ дар ҳаммоми яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Дубай дар об ғарқ шуда, нобаҳангом аз олам даргузашта буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here