Дар саҳни бинои якуми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайкараи варзишгари тоҷик Дилшод Назаров қомат афрохт.

Пайкара аз ҷониби хатмкунандагони ихтисоси ҳайкалтарошии факултаи санъати донишгоҳи номбурда Даврон Воситӣ, Сатторхӯҷа Тошхӯҷаев, Камол Мӯъминов ва Комилҷон Ҳасанов тарошида шудааст.

Хатмкунандагон ҳайкалҳоро бо роҳабри академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон Рустам Маҷидов омода намуда, бо ҳамин роҳ рисолаҳои хатми худро ҳимоя намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода аз маҳсули дасти хатмкунандагон дидан намуда, барои боз ҳам вусъат додани чунин корҳо ва бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ дар вуҷуди ҷавонон маслиҳатҳо додааст.

Дар саҳни бинои донишгоҳ ғайр аз пайкараи Дилшод Назаров, инчунин ҳайкалҳои Абулқосим Фирдавсӣ, Сиёвуш ва Фарҳоду Ширин низ қомат афрохтанд.

Дилшод Назаров барандаи медали тиллои Бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия дар соли 2016 мебошад ва муҷассамаи ӯ ягона ёдгориест, ки дар замони зинда буданаш бунёд шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here