Дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус ба муносибати Форуми якуми минтақаҳои Ӯзбекистон ва Белорус нимпайкараи шоири ӯзбек Алишер Навоӣ гузошта шуд.

Нимпайкара санаи 29-уми июли соли равон дар гулгашти кӯчаи Свердлов қомат афрохта, аз рӯи эскизи меъмори ҷавон Максим Макаревич сохта шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи шоир муовини Раиси Шӯрои Ассамблеяи Миллии Белорус Марианна Шеткина, муовини якуми Раиси Сенати Олии Маҷлиси Ӯзбекистон Содиқ Сафоев ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минкс Александр Крепак иштирок доштанд.

Ба гуфтаи Содиқ Сафоев, иштирок дар ифтитоҳи муҷассамаи шоири барҷастаи ӯзбек дар шаҳри Минск шарафи бузург мебошад. Мавсуф аз номи тамоми мардуми Ӯзбекистон ба Ҳукумати шаҳри Минск барои эҳтироми хоса нисбати фарҳанги аҷдодӣ изҳори сипос кард.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар доираи Форум ҷаласаи умумӣ баргузор мешавад ва иштироки зиёда аз чорсад нафар аз ҳарду ҷониб дар назар аст. Тахмин меравад, Минск ва Тошканд 15 созишнома ва қарордоди нави ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here