Таронаи ҷадиди Нозияи Кароматулло бо намоҳангаш (клип), ки “Дареғ” унвон гирифтааст, санаи 13-уми апрели соли равон дар канали “Positive Production” дар шабакаи YouTube пахш гардид.

Нозия, ки соли 2014 ба шавҳар баромадаву тӯли 4 сол мӯҳри хомӯшӣ бар лаб зада буд, дар охири соли 2018 ба саҳна баргаштанашро эълон кард. Ӯ дар якҷоягӣ бо бародараш Муҳаммадрафӣ, таронаи “Ишқи рӯҳафзо”-и падари шодравонашон Кароматуллои Қурбонро сароида, намоҳангашро дар манзараҳои дилфиреби мавзеи “Искандаркӯл”-и ноҳияи Айнӣ ба навор гирифта буданд.

Таронаи “Дареғ” нахустин таронаи Нозия баъди баргаштанаш ба саҳна набуда, аз ин пеш ӯ таронаи “Vaishnav jan to”-и Лата Мангешкарро бо забони ҳиндӣ ва суруди “Фурсати дидор”-ро бо аксҳои наву имиҷи тағйирёфта пешкаши ҳаводоронаш гардонида буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here