Нодирамоҳ Қадамшоева, модари овозхони маъруфи тоҷик Далер Назаров дар синни 97-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати даргузашти модари овозхони шинохта Далер Назаров изҳори ҳамдардӣ кардааст.

“Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ҳунарпешаи машҳури Тоҷикистон Далер Назаров нисбати даргузашти модараш изҳори ҳамдарии амиқ намуда, аз даргоҳи Худованд ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд”,-омадааст дар тасаллияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Маросими видоъ бо Нодирамоҳ Қадамшоева санаи 8-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, марҳум дар оромгоҳи “Сари Осиё” ба хок супорида шуд.

Агар умр вафо мекард, Нодирамоҳ Қадамшоева 15-уми сентябри имсол ба синни 97-солагӣ қадам мегузошт. Марги модар дар ҳолест, ки худи Далер Назаров 8-уми сентябри соли ҷорӣ 60-сола шуд.

Нодирамоҳ Қадамшоева (1922-2019) ҳамсари собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистони Шӯравӣ Меҳрубон Назаров (1922-1993) буда, дар Радиои Хоруғ ба ҳайси наттоқ ва дар рӯзномаи маҳаллии “Бадахшони Советӣ” ҳамчун муҳаррир кору фаъолият кардааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here