Дирӯз, 24-уми октябри соли ҷорӣ дили Обид Ҳомидов, аввалин мудири Телевизиони “Тоҷикистон” ва собиқ роҳбари студияи “Тоҷикфилм” аз тапидан бозмонд.

Номбурда дар синни 93-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Маросими видоъ бо марҳум имрӯз соати 12 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Соли 1959 вақте Телевизиони “Тоҷикистон” ба кор шурӯъ кард, Обид Ҳомидов аввалин мудири ин телевизиони навтаъсис буд. Соли 1960 мудири студияи филмофарии “Тоҷикфилм” таъин шуд ва дар давоми роҳбарии ӯ филмҳои “Парчами Кова”, “Нисо”, “Марги судхӯр”, “Рустам ва Сӯҳроб” ва “Ситорае дар тирашаб” рӯйи навор омаданд.

Шурӯъ аз соли 1970 чанд муддат дар Театри давлатии академӣ-дрмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ роҳбарӣ кардааст. Ҳамчунин, мавсуф дар таъсиси дастаҳои ҳунарии “Лола”, “Гулшан” ва “Зебо” саҳми беандоза дорад.

Обид Ҳомидов 9-уми майи соли 1926 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Солҳои 30-юм оилаи онҳо ба Душанбе кӯчид ва ӯ мактаби миёнаро да ҳамин ҷо хатм кардааст. Муддате ба пешаи рӯзноманигорӣ машғул шуда, пас аз хатми Донишкадаи омӯзгорӣ дар соҳаи синамо фаъолият кардааст.

Се писари Обид Ҳомидов касби падарро интихоб кардаанд. Яке аз онҳо Оқил Ҳомидов аст, ки аз соли 1994 инҷониб дар Лаҳистон зиндагӣ мекунад ва студияи филмофарии шахсии худро дорад. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии кинематографияи умумирусиягии шаҳри Маскав ба номи Сергей Ҳеросимов мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here