Дирӯз, 19-уми сентябри соли равон озмуни Радиои Озодӣ таҳти унвони “Деҳи ман як пораи хоки Ватан” ҷамъбаст гардид ва ғолибон сазовори тӯҳфаҳои арзанда шуданд.

Корбарони Радиои Озодӣ фаъолона дар озмун ширкат варзида, наворҳои зиёд равон кардаанд, вале ҳамагӣ 24 навор ба озмун роҳ ёфта, ҳакамон аз миёни онҳо 3 навори беҳтаринро интихоб намудаанд.

Ҷоизаҳоро ба ғолибон раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов, шоир ва рӯзноманигор Орзу Исоев ва ҳунарпешаи театру синамо Моҳпайкар Ёрова тақдим намудаанд.

Шоҳҷоизаи озмуни мазкурро Файзалӣ Сафаров, блогери ҷавон аз ноҳияи Сангвор барои навори “Лайрони Боло” соҳиб шуд. Ҷои дувум насиби Фурӯзонфар Искандаров барои навори “Табушн дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ” ва зинаи сеюм насиби Амрина Абдулназарова барои навори “Деҳаи ман дар Ишкошим” гашт.

Салими Аюбзод, кафили мудирияти Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар маросими эълони барандаҳои озмуни “Деҳи ман як пораи хоки Ватан” гуфт, ҳадаф аз ташкили озмун ҷалби ҷавонон ва видеоблогерҳои мардумӣ барои нишон додани зиндагӣ дар деҳоти имрӯзаи Тоҷикистон буд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни “Деҳи ман як пораи хоки Ватан” моҳи июни имсол аз ҷониби Радиои Озодӣ эълон гардида буд ва иштирокчиёро мебоист бо навори 1-дақиқагӣ зебоии диёри худро ба ҷаҳониён нишон бидиҳанд. Ҳайати ҳакамон иборат аз 13 нафар наворҳои ба талаботи озмун ҷавобгӯро интихоб намуданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here