Леонардо Ди Каприо, ҳунарманди машҳури студияи филмофарии «Ҳолливуд»-ро коргардони муваффақ Гилермо дел Торо барои нақшофарӣ дар филми “Хиёбони даҳшатнок” (“Аллея кошмаров”) даъват намудааст. Дар ин бора сомонаи “газета.ru хабар додааст.

Сухан дар бораи қисмати нави филми “Хиёбони даҳшатнок”, ки бори аввал соли 1947 ба навор гирифта шуда буд, меравад. Филми мазкур оиди як қаллобе, ки ҳамроҳи равоншиноси занона аз мардум пул талаб мекунанд, қисса менамояд.

Гуфтушунидро доир ба иштироки Леонардо дар филм ширкати “Fox Searchlight” гузаронида истодааст. Ҳунарпеша дар ин филм ҳамчун қаҳрамони асосӣ даъват шудааст.

Филм аз рӯи романи Уилям Линсей Грешман “Хиёбони даҳшатнок” (“Аллея кошмаров”) гирифта шудааст. Продюсерии филмро Гилермо ва Майлз Дейл дар якҷоягӣ бо “TSG Entertainment” ба ӯҳда доранд. Муаллифони филмнома Гилермо дел Торо ва Ким Морган мебошанд.

Иштироки Леонардо Ди Каприо ба филм муваффақият хоҳад овард. Зеро аз соли 2016 инҷониб ҳунарманд дар ягон филми бадеӣ нақш наофаридааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here