Шоми пагоҳ, 10-уми октябри соли равон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барномаи консертӣ баргузор мегардад.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги кишвар, консерт таҳти унвони “Дил, биё як дам кунем ёд аз фалак” бахшида ба Рӯзи фалак бо иштироки Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов, ансамбли миллии “Ганҷина” ва зиёда аз 20 нафар санъаткорони дигар баргузор мешавад.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми июли соли 1989 дар шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии Давлатманд Холов ансамбли “Фалак” таъсис ёфт. Санаи 16-уми ноябри соли 2001 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли “Фалак” мақоми давлатӣ дода шуд ва ҳоло он дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукмати ҷумҳурӣ фаъолият дорад.

Боиси зикр аст, ки 4-уми августи соли 2007 Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-уми октбярро Рӯзи фалак эълон карда буд. Аз ҳамон сол инҷониб, ҳамасола дар кишвар дар ин рӯз барномаҳои консертӣ ва чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Ҳамчунин, соли 2015 номгӯи мусиқии суннатии тоҷикон “Фалак” ба Ҷоизаи байналмиллалии “GLOBAL RATING NOMINATION”-и Пажӯҳишгоҳи рейтинги байналмиллалӣ “INTERNATIONAL RATING SISTEM” – ЮНЕСКО мушарраф гардидааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here