Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Дилбар Умарова мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ намехост ҳунарпеша шавад, аммо тақдир ӯро ба театру синамо овард.

Ҳунарпешаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Дилбар Умарова бо хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” сӯҳбти ихтисосӣ анҷом додааст.

Дилбар Умарова мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ орзуи ҳунарпеша шуданро дар дил намепарварид, зеро мисли падараш рӯзноманигор шудан мехост. Ӯ аз овони хурдӣ ба эҷоди шеъру мақолаҳо машғул буд.

“Ман ҳеҷ гоҳ нияти ҳунарпеша шуданро надоштам. Мехостам мисли падарам Усмон Умаров, ки журналист буданд, шахси эҷодкор шавам. Мақолаҳо менавиштам, шеърҳоям дар нашрияҳои кӯдакону наврасон ба табъ мерасид, аммо тақдир маро ба Донишкадаи санъати театрии Русия (ГИТИС) овард. Ҳол он ки ман дар бораи ҳунари бозигарӣ ҳеҷ маълумот надоштам”.

Ҳунарпеша андешаи “имрӯз театри тоҷик суст аст ва тамошобини кам дорад”-ро қабул надорад. Ӯ мегӯяд, намоишномаҳои суст низ ҳастанд, вале беҳтарин асарҳо кам нестанд.

“Ман ба гапи шумо зид ҳастам, театри мо ҳоло ҳам асарҳои хубро рӯйи саҳна меорад. Албатта, чизҳои суст ҳам дорем, аммо намоишномаҳои нағз ҳам кам нестанд. Охирин асаре, ки театри мо пешкаши тамошобин кард, “Фирдавсӣ” аст, ки беҳтарин асари саҳнавӣ мебошад”.

Умарова Дилбар Усмоновна 26-уми августи соли 1949 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Санаи 26-уми августи соли равон дар кушодашавии мавсими 90-уми театрии Театри Лоҳутӣ 70-солагии худро дар ҳалқаи ҳамкорон таҷлил кард.

Хатмкардаи Донишкадаи санъати театрии Маскав ба номи Анатолий Луначарский (1971) буда, дорандаи унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва узви Иттифоқи синамогарони Иттиҳоди Шӯравӣ (1976) мебошад.

Солҳои 1971-1983 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов кор карда, аз соли 1983 то имрӯз дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ фаъолият дорад.

Дар театру синамо нақшҳои хотирмон зиёд офаридааст ва баъзе манбаъҳо шумораи нақшҳои офаридаи ӯро аз 30 адад зиёд нишон медиҳанд. Намоишномаҳои “Шулук”, “Дод аз дасти ақл”, “Охирин арӯси Амиралмӯъминин”, “Васса Железнова”, “Дилшод” ва филмҳои “Беҳуда хорам мекунӣ”, “Боз як шаби Шаҳрзод”, “Зане аз роҳи дур”, “Вақте ки осиё бозмонд”, “Сароби ишқ”, “Парӣ аз пушти кӯҳи Қоф” намунаи корҳои Дилбар Умарова мебошанд.

Нахустин нақши худро замони ҳафт сола буданаш дар филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” бозидааст. Ҳангоми дар курси якум таҳсил карданаш саҳнаеро дар филми “Рустам ва Сӯҳроб” ва баъдан нақши асосиро дар филми “Қиссаи зиндони Павиак” иҷро кардааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here