Варзишгари маъруфи тоҷик ва қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров аз Қатар ба шаҳри Душанбе баргашт.

Ӯ дар Қатар бояд дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекард, вале бо гумони истифодаи допинг ӯро муваққатан аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум намуданд. Номбурда пас аз бозгашт дар саҳифаи Инстаграми худ чунин изҳоротро нашр кардааст.

“Дӯстони гиромӣ! Шояд шумо огаҳед, ки ба ман намояндагии кишварамро манъ карданд. Ман дар Чемпионати ҷаҳон ширкат карда наметавонам, зеро ба истеъмоли маводи манъшуда гумонбар ҳастам. Илтимос, ба ман каме вақт диҳед, то ба қароре оям. Намехоҳам ба эҳсосот дода шавам, далел пешниҳод кардан мехоҳам. Дар ояндаи наздик изҳоротамро нашр мекунам. Ҳақ бар ҷониби ман аст”, -навиштааст Дилшод Назаров.

Маврид ба зикр аст, ки гурзандози маъруф ва қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров бо иттиҳоми истифодаи допинг ва вайрон кардани қоидаҳои зидди он муваққатан аз ширкат дар Чемпионати ҷаҳон барканор шудааст.

Дилшод Назаров дар изҳороти нахустини худ оид ба моҷарои допинг гуфта буд, ки бо шунидани ин овоза дар ҳолати “шок” қарор дорад ва адвокатеро киро кардааст, то бегуноҳиашро собит намояд. Мавсуф овозаи истифодаи допингро рад кард ва афзуд, ки ҳамаи ҷоизаҳояш бо меҳнати ҳалол ба даст омадаанд.

Расонаӣ гаштани хабари истифоди допинг аз ҷониби Дилшод Назаров миёни мардум шӯре барангехт. Тоҷикистониён бовар надоранд, ки варзишгар допинг истифода бурдааст ва ин овозаҳоро як навъ иғво дар ҳаққи Дилшод Назаров меҳисобанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here