Дилшод Назаров дар ҷаласаи Конгреси Федератсияи варзиши сабуки Осиё, раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи миёна интихоб гардид.

20 апрел дар шаҳри Доҳаи Қатар, қабл аз Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ҷаласаи Конгресси Федератсияи варзиши сабуки Осиё доир гардид.

Дар ин бора, сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Варзишгари номии тоҷик, Дилшод Назаров дар ҷаласаи Конгреси Федератсияи варзиши сабуки Осиё, раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи миёна интихоб гардид.
Инчунин дар ҷаласаи мазкур ба варзишгар унвони “Беҳтарин гурзандози Осиё”-ро тақдим намуданд.

Бояд қайд намоем, ки  Доҳлан Ҳамади дигарбора президенти Федератсияи варзиши сабуки Осиё интихоб гардид. Ӯ то соли 2023 ин ниҳодро идора хоҳад кард.
Дар ҷаласа, ҳамчунин ноибони президент, аъзои Кумитаи иҷроия ва дигар ниҳодҳо интихоб гардиданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here