Овозхони шинохтаи рус, Дима Билан ба Озмуни байналмилалии мусиқавии “Евровидения” баргаштан мехоҳад. Ин нуқтаро овозхон дар сӯҳбат бо “Love Radio”-и Русия қайд намудааст.

Дар 64-умин Озмуни байналмилалии мусиқавии “Евровидения”, ки имсол дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор гардид, аз Русия Сергей Лазарев иштирок ва соҳиби зинаи сеюм гардид.

“Фикр мекунам, ки ҳатман бояд худро бори дигар бисанҷам. Зеро нафароне, ки маро боз дар саҳна дидан мехоҳанд, хеле зиёданд”,-гуфтааст Дима Билан дар сӯҳбат бо “Love Radio”.

Замоне ки Дима Билан дар “Евровидения” иштирок мекард, овоздиҳӣ ба таври дигар сурат мегирифт. Он замон танҳо тамошобинон овоз медоданд, вале ҳоло дар баробари тамошобинон аъзои ҳакамон низ овоз медиҳанд.

Продюсери овозхон Яна Рудковская мегӯяд, ки иштироки Дима дар “Евровидения” ҳоло танҳо орзу аст, вале орзуҳо барои он вуҷуд доранд, ки амалӣ бишаванд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Дима Билан ду маротиба дар “Евровидения” иштирок намуда, соли 2006 соҳиби ҷои дуюм ва соли 2008 бо пирӯзии деринтизор ба Русия баргаштааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here