Санаи 20-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе дуввумин маросими ҷоизасупории “Diva” баргузор хоҳад гардид.

Маросими ҷоизасупории имсола дар бинои боҳашамати “Диёри Душанбе” барпо гардида, баргузоркунандаи он чун соли қаблӣ пардозгар Ланиша мебошад.

Дар маросими мазкур беҳтарин ҳунармандони ҷинси зан, ки давоми як соли охир нисбатан фаъол буданд, аз ҷумла Шабнами Сурайё, Нигина Амонқулова, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Мадина Ақназарова, Нозияи Кароматулло, Шабнами Собирӣ, Ситораи Кароматулло, Дилором Қурбонова ва Зайнура Пӯлодова иштирок хоҳанд кард.

Ланиша дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори сомонаи “Padida” иброз намуд, ки Шоҳҷоиза ҳамасола насиби як нафар, яъне Шабнами Сурайё мегардад, зеро ӯ илҳомбахши чорабинии мазкур мебошад.

Чорабинӣ аз роҳрави сурх, намоиши мӯд, музоядаи хайриявӣ, бурди тӯҳфаҳо ва рақсу суруд иборат буда, боқимонда ҳунармандон барои иштирокашон бо сипосномаи махсус қадрдонӣ мешаванд.

Сарпарастии маросимро ширкатҳои ватании “RC Cola”, “Obi Zulol”, “Tojikon Holiday”, “Нури зулол” ва дигарон ба ӯҳда гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта нахустин маросими ҷоизасупории “Diva” дар меҳмонхонаи панҷситорадори “Hyatt Regency Dushanbe” баргузор гардида, шоҳҷоиза насиби маликаи санъати тоҷик Шабнами Сурайё гардида буд.

Бонувоне, ки хоҳиши дар ин маросим иштирок карданро доранд, метавонанд чиптаҳоро тариқи рақамҳои 880686666 ва 555556666 дастрас намоянд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here