Марсияи рӯзноманигори номии тоҷик Додоҷон Атовуллоев вобаста ба даргузашти муаррихи сарсупурдаи адабиёти тоҷик Валӣ Самад. Маводи мазкурро бо иҷозаи муаллиф аз саҳифаи фейсбукӣ дар сомона бознашр менамоем.

ОХИРИН ОДАМ

Фарёд кунам, посухи фарёдрасам нест,
Фарёд, ки дар ҳар ду ҷаҳон ҳамнафасам нест.
Устод Лоиқ

Дуруд, эй марг!
Марг бар ту, эй марг!
Ҳоло ҳисоби ману ту дар пеш аст…
Туву зиндагӣ ҳар ду номардед!
Агар на, чаро фарзонагон хоранду зоранд?
Агар на, чаро пастфитратон болонишину оқилон овораю гирифторанд?
Агар на, чаро наҳору шоми ҳакимон хуни дилу ғизои ҳақирон нуқлу ҳалво аст?

Имрӯз тифле бо ҷаҳон бидруд гуфт.
Тифли пурорзу.
Тифли орзуношикаста.
Тифле, ки калонсолон варо дарк намекарданд.
Гоҳе тамасхур мекарданд, гоҳе механдиданд, гоҳе аз рӯи таъоруф ё лутфи шарқӣ ҳарфашро гӯш мекарданду мерафтанд.
Тифли хушбовар намедонист, ки он яке ба бозор мешитофт, в-он дигаре ба мулоқот бо зани дӯсташ, саввумӣ ба оши худоӣ мерафт ва шод буд, ки “обед муфт аст имрӯз”…
Тифле, ки агар дар хиёбон ё ҷодае рӯ ба рӯ ояд, ҳатман аз миллат мегуфт:
“Шунидед, Фирдавсиро…”
“Фаҳмидед, Низомиро…”
Тифле, ки ҳангоми гуфтан аз сарнавишти Айниву Лоҳутӣ , Улуғзодаю Бузургзода чашмонаш ғарқи об мешуданд.
Тифле, ки фандро намедонист.
Тифлеро, ки танҳо буд.
Тифле, ки танҳоӣ мекашид.
Тифле, ки дар танҳоӣ мегирист.
Тифли ҳаштоду се сола…

Ҷавонмарг шавӣ, эй марг, даст ба гиребони кӣ бурдӣ?!
Эй марг, агар ҳама роҳҳои зиндагии варо пиёда тай мекардӣ, сад чоруху мӯза медаридӣ!
Зиндагиё, миннат накун, ки …АНД сол ба суроғаш наёмадӣ!
Макратро медонам.
Медонам, ки Ӯ барои ту чу як асбоби санҷиш буд.
Мехостӣ, бифаҳмӣ, ки чанд сол дар ин макони мусофирон байни нопокон пок зистан имкон дорад?!
Мехостӣ, бисанҷӣ, ки диле озурда, диле ороста, диле озода, диле хуноғӯшта то чанд метавонад битапад?!

Мо ҳама кам-кам ғиромбозем.
Мо ҳама кам- кам маккорем.
Мо ҳама дар киштзори ту, зиндагиё, тухми риё, тухми тамаллуқ, тухми бевафоӣ мекорем.
Мо дар гузарномаҳо ҷинсиятамонро “МАРД” менависем, аммо кам-кам номардем.
Танҳо эътироф намекунем.

Ӯ дигар буд.
Фарқи Ӯ аз мо он буд, ки “кам-кам”-ро намедонист.
Ханда – осмонкаф.
Гиря – осмоншикоф.
Муҳаббат – то охирин таппиши дил.
Нафрат – бо тамоми ҳастӣ!

Чашмонамро мепӯшам.
Шаб – сиёҳ.
Девор – сиёҳ.
Хона – сиёҳ.
Осмон – сиёҳ.
Дунё – сиёҳ!
Экран – сиёҳ.
Меравам ба гузашта.
Роҳҳо… Солҳо… Чеҳраҳо… Кӯҳҳо… Дарёҳо… Шаҳрҳо… Самолёт…. Поезд… Асп… Хар… Маҷлисҳо… Маҳфилҳо… Савгандҳо… Дастҳо… Шиорҳо… Мастиҳо… Ҳушёриҳо… Лабхандҳо… Ашкҳо… Гуноҳҳо… Намозҳо…

Зиндагиё, шояд мепурсӣ, чӣ дидӣ, эй раҳрави дерин?
Дар ин кӯҳнабозоре, ки муштарии деринашам, кам одамеро, пайдо кардаам, ки мисли Ӯ бошад.
Пеши ту дурӯғу пеши Худо рост, росташро мегӯям:
Мо ҳама кам-кам ғиромбозем.
Мо ҳама кам- кам маккорем.
Мо ҳама дар киштзори ту, зиндагиё, тухми риё, тухми тамаллуқ, тухми бевафоӣ мекорем.
Мо дар гузарномаҳо ҷинсиятамонро “МАРД” менависем, аммо кам-кам номардем.
Ин “кам-кам” чӣ миқдор аст?
Тарозухона куҷост?
Тарозудор кист?
Тарозу ку?
Оҳ, агар боз росттар гӯям, санге намеёбам, ки бори гуноҳу макру ҳиялу дурӯғҳои моро чен кунад, вазн занад, бардорад?!

“Рӯзе, ки ба Ватан баргардам…”
Баъди бисмиллоҳ ин таманно бисмиллоҳи дигари ман гаштааст.
Рӯзи дароз хона ба хонаи хешовандону дӯстон мегардам.
Ба мазори азизон фотиҳахонӣ меравам.
Беморонро зиёрат мекунам.
Аёдати Устод Валӣ Самад ҳам дар ин рӯйхат буд.
Аммо чӣ илоҷ, ки боз як орзу кам шуд.
Боз як дидор ба қиёмат монд.

…Чанд рӯз қабл акси ӮРО дидам.
Дилам таҳ кашид.
Рӯям нашуд, ки аз ягон шинос хоҳиш кунам, ки саломе бирасонад.

Дар сурат он Валӣ Самади пурэнержие, ки охирин бор вохӯрдам, набуд.
Дарахти жолазадае.
Пирамарде.
Нигоҳе ҳазину ғамгин.
Мани муҳоҷири якумра дар ёдаш бошам ё на?
Шояд гила дошт, ки занг назадам?
Эҳтиёҷе?
Хоҳише?
Интизорӣ мекашид?
Лабони хомӯши ӯ чӣ мегуфтанд?
Ӯ аз касе ҳаргиз чизе тамаъ намекард.
Танҳо шояд интизори ёрон ва мухлисонаш буд, ки бо онҳо хайрбод бигӯяд?

Аз китобу рисолаҳои Ӯ намегӯям.
Аз сӯхтанҳои Ӯ наменависам.
Аз корномаҳои Ӯ намесароям.
Валӣ Самад барои Тоҷикистон аскаре буд, ки ҳар лаҳза омода аст барояш ҷонашро фидо бинамояд.
Алвидоъ, қаҳрамони бе унвон!
Алвидоъ, виҷдони миллати худсӯхта!
Валӣ Самад барои ман охирин одам дар ин олам буд.
Алвидоъ, ОХИРИН ОДАМ!

…Имшаб биҳиштиҳо ид доранд, ки як одами наҷиб, як одами ширин ба онҳо мепайвандад.
Ё Раб!
Ё Молик!
Ё Соҳиб!
Ё Ҳақ!
Дари он мулкро ба рӯи ташнагони висол во бинамо ва талхии видоъро ба ширинии дидор иваз бинамо. Дар он саф, дар он радда, дар он қатор офарандаи ин сатрҳоро низ номнавис бикун!

…Имрӯз бори нахуст ӮРО ба тахт мешинонанд.
…Имрӯз бори нахуст ӮРО рӯ-рӯи даст мебардоранд.
…Имрӯз ба Ӯ гул меоваранд.
…Имрӯз аз Ӯ мегӯянд.
Чун ҳамеша ДЕР.
Дери дер…

Фарёд кунам, посухи фарёдрасам нест,
Фарёд, ки дар ҳар ду ҷаҳон ҳамнафасам нест.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here