Субҳи имрӯз, 21-уми сентябри соли равон Ҷаббор Халилов, амаки ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик Ташриф Халилов даргузаштааст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Ҷаббор Халилов яке аз шахсиятҳои шинохта дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва собиқ раиси додгоҳи ноҳияи номбурда будааст.

Маросими дафни марҳум пас аз зӯҳри имрӯз дар зодгоҳи Ташриф Халилов, собиқ совхози Ленини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор мегардад.

Ҳамчунин, манбаъ менависад, ки падари Ташриф Халилов низ бемор аст ва чанд муддат мешавад, ки аз пойи равон монда, дар хона бистарӣ аст.

Моҳи августи соли 2018 хабаргузории “Ориён” аксеро нашр кардааст, ки дар он Ташриф падари беморашро ба пушташ гирифта, аз мардум хоҳиш кардааст, ки барои сиҳатии ӯ дуо кунанд.

Худи Ташриф Халилов миёни мардум замоне маъруфу машҳур шуд, ки бо Бахтиёр Раҳимов студияи “Ғарибшо компания”-ро таъсис доданд ва бо саҳнаҳои ҷолибу доғи рӯз маҳбубияти оммаро ба даст оварданд.

Ташриф Халилов ба ғайр аз саҳнаҷаҳои ҳаҷвӣ, инчунин, дар чандин филмҳои жанрҳои гуногун нақш офаридааст. Дар дубляжи филмҳо низ саҳми арзанда дорад. Вақтҳои охир ӯ дар роликҳои таблиғотӣ зиёд ба назар мерасад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here