Дейзи-Мэй Деметра, духтараки нӯҳсола аз Англия, ки дар хурдӣ аз ҳарду пояш маҳрум шудааст, дар Ҳафтаи мӯди НюЙорк иштирок хоҳад кард.

Дейзи-Мэй дар шаҳри Бирмингеми Англия ба дунё омадааст. Ӯ бо нуқси модарзодӣ таваллуд шуд ва табибон маҷбур шуданд, ки дар якунимсолагиаш ҳарду пояшро бибуранд.

Дейзи аз хурдӣ орзу мекард, ки модел бошад ва ба орзуи худ расид. Чанде пеш ӯ дар намоиши коллексияи “Lulu et Gigi Couture”, ки дар шаҳри Лондон баргузор гардида буд, иштирок кард ва ба наздикӣ ба Ҳафтаи мӯди Ню-Йорк хоҳад рафт.

Падари ин модели хурдсол мегӯяд, ки Дейзи ба маъюб буданаш нигоҳ накарда, бо табассуми худ ҳамеша ба ӯ илҳом мебахшад. Дар баробари ин ӯ аз ӯҳдаи рақсидан ва сароидани суруд низ ба хубӣ мебарояд.

Эни Ҳегедус-Буарон, дизайнери либосҳои кӯдакона изҳор доштааст, ки барои ӯ на зебоии зоҳирӣ, балкии зебоии ботинӣ дар мадди аввал аст. Эни бо либосҳои офаридааш мехоҳад ҳамаи кӯдаконро беназир бубинад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here