Шоми 26-уми апрели соли ҷорӣ фасли шашуми барнома-озмуни телевизионии “Голос.Дети” ҷамъбаст гардид. Дар ин бора бахши хабарҳои шоу бизнеси сомонаи “Хочу” санаи 27-уми апрел хабар додааст.

Ба даври финалӣ ҳамагӣ 9 нафар Микелла Абрамова, Нино Чеснер ва Роберт Багратян аз гурӯҳи Светлана Лобода, Анастасия Сисаури, Михаил Григорян ва Ержан Максим аз гурӯҳи Валерия Меладзе, Мариам Абделкадер, Валейир Кузаков ва Рената Таирова аз гурӯҳи Палагея роҳ ёфтанд, ки шоҳҷоиза насиби Микелла Абрамова, духтари 10-солаи овозхон Алсу гардид.

Ба Микелла Абрамова 56,5%, ба Ержан Максим 27,9% ва ба Валейир Кузаков 15,6%-и тамошобинон овоз додаанд. Микелла ба сифати ҷоиза як миллион рубли русӣ ва сертификат барои сабти аввалин таронаашро ба даст овард. Ӯ бо суруди Юлия Началова “Герой не моего романа” ба даври финалӣ роҳ ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки Микелла духтари миёнаи Алсу мебошад. Аз Микелла калон апааш Сафина аст, ки 12 сол дорад. Фарзанди хурдии оила Рафаэл ҳоло 2 сола аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here