Сарояндаи саршиноси эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед навори мусоҳибаи солинавии духтарашро нашр кард. Дар он Закияи хурдсол мегӯяд, аз ҳама сурудаҳои модараш, барояш суруди “Пешвои миллат” писанд аст.

Наворро сароянда дар сафҳаи инстаграми худ нашр намудааст. Сабти навор дар минтақаи истироҳатии Сафед-Дара дар арафаи Соли нави милодӣ сурат гирифтааст.

Дар навор ровӣ аз Закияи хурдсол мепурсад, “кадом суруди модарат бароят писанд аст? ” Духтарак ҷавоб медиҳад: Суруди “Пешвои миллат” бароям бештар писанд аст, аз дигар сурудҳояш”

Инчунин Фарзона навиштааст:

” Ман аз шаҳзодаи худ, ингуна мусоҳибаро интизор надоштам. Инчунин намедонистам, ки аз сурудҳои ман барояш бештар “Пешвои миллат” писанд аст. Зинда бош, Пешвои миллат”, – навиштааст сароянда.

Ёдовар мешавем, ки Закияи Хуршед фарзанди якҷояи Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед мебошад. Сарояндагон чанд сол пеш бо ҳам издивоҷ намуда буданд. Вале бо сабабҳои номаълум аз ҳамдигар ҷудо шуданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here