Чанд моҳ боз дар Интернет видеоҳое бо номҳои “Суруди нави духтари Манижа”, “Суруд дар васфи Манижа Давлатова аз ҷониби духтараш”, “Духтари Манижа Давлатова бо овози зинда суруди модарашро хонд”, “Рақси духтари Манижа Давлатова” ва амсоли ин чарх мезананд.

Дар наврҳо духтари ҷавоне бо номи Нозанин овозхонӣ ва шеърхонӣ мекунад ва ноширони ин видеоҳо иддао мекунанд, ки ин Нозанин духтари ҳунарманди шинохтаи тоҷик Манижа Давлатова аст.

Дар видеои охирин Нозанин таронаи машҳури Раҳмия Аюбӣ дар васфи Манижа Давлатоваро бозхонӣ мекунад, ки дар он аз ҷумла аз Манижа даъват мешавад, то сукути тӯлониашро бишканад ва садояшро аз зиндон раҳо кунад.

Худи Нозанин низ дар як видео ба номи Манижа Давлатова аз номи дӯстонаш аз кишварҳои гуногуни дунё паёми гарме фиристода, ба оташи ин сарусадоҳо дар бораи гӯё духтари Манижа будани ӯ равғани бештар рехт.

Аммо оё ин Нозанин дар ҳақиқат духтари Манижа Давлатова аст?

Худи Манижа Давлатова, ки соли 2006 дар айни авҷи шуҳраташ ба таври барои мухлисонаш ғайриинтизор тарки саҳна кард ва ба қавли Раҳмия Аюбӣ, “садояшро зиндон кард”, дар бораи ин сарусадоҳое, ки пиромуни якбора пайдо шудани “духтар”-аш бо номи Нозанин ва овозхонии ӯ изҳори назар накардааст.

Вале ба гуфтаи онҳое, ки дар бораи ҳаёти шахсии ин овозхони шинохтаи 14 сол пеш ба таври ногаҳонӣ тарки саҳна карда маълумот доранд, Манижа Давлатова то кунун шавҳар накардааст, ки соҳиби фарзанд шуда бошад.

Пас ин Нозанин кист?

Бино ба иттилои дарёфтии сомонаи “Ахбор”, Нозанин ягон риштаи хешу таборӣ бо Манижа Давлатова надорад.

Модари Нозанин – Зумрад Раҳмонова духтари бародари Қурбоналӣ Раҳмонов, як овозхони шинохтаи зодаи деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ мебошад. Падараш Одил низ зодаи Қурбоншаҳид буда, Донишгоҳи тиббии шаҳри Днепропетровски Украинаро хатм кардааст ва ҳоло ба тиҷорат машғул аст. Падару модари Нозанин дар Душанбе зиндагӣ мекунанд.

Нозанин феълан дар шаҳри Мюнхени Олмон таҳсил мекунад ва дар саҳифааш дар Инстаграм гоҳ-гоҳ шеъру тарона қироат мекунад. Таронаҳое, ки ӯ мехонад ва ҳамчун “духтари Манижа Давлатова” муаррифӣ мешавад, маъмулан на дар саҳифаи худи Нозанин, балки дар дигар каналҳои Ютуб ва бештар барои ҷалби тамошобини бештар нашр мешаванд.

Бознашр аз сомонаи” Ахбор”

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here