Рэпсарои амрикоӣ Ҷей-Зи (Jay Z) дар таърихи рэп аввалин миллиардер ҳисобида шудааст. Дар ин бора сомонаи “Forbes” хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, даромади худи Ҷей-Зи 810 миллион доллар ва даромади ҳамсари овозхонаш 350 миллион долларо ташкил медиҳад, ки дар умум ҳадди миллиардро убур мекунад.

Сомонаи “Forbes” менависад, ки чунин муваффақиятро Ҷей-Зи бо шарофати идоракунии лоиҳаҳои тиҷоратии машруботи спиртӣ, сармоягузорӣ дар соҳаи санъат, моликияти ғайриманқул, саҳмияҳои “Uber” ва “Tidal” ва лоиҳаҳои сершумори мусиқавӣ ба даст овардааст.

Шампони тамғаи “Armand de Brignac” 310 миллион доллар, “Uber” ва дигар сармоягузориҳои ин самт 220 миллион доллар, ширкати “Tidal” 100 миллион доллар, маркази фароғатии “Roc Nation” 75 миллион доллар, лавҳаҳояш 75 миллион доллар, сармоягузорӣ дар соҳаи санъат 70 миллион доллар ва ниҳоят амволи ғайриманқул дар минтақаи гаронтарини шаҳри Лос-Анҷелос 50 миллион доллари амрикоӣ даромад меоранд.

Номи аслии ин рэпсаро Шон Кори Картер буда, Ҷей-Зи тахаллуси саҳнавияш мебошад. Мавсуф 4-уми декабри соли 1969 дар шаҳри Ню-Йорк ба дунё омадааст. Оиладор ва соҳиби се фарзанд, ду духтару як писар мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here