Имсол 64-умин Озмуни байналмилалии мусиқавии “Евровидения 2019” дар маркази тиҷоратии ярмарка ва намоишгоҳҳои “EXPO Tel Aviv”-и шаҳри Тел-Авиви кишвари Исроил баргузор гардид.

Соли равон 41 кишвари Аврупо дар озмун ширкат варзиданд ва даври аввали нимфиналӣ санаи 14-уми май, даври дуюми нимфиналӣ санаи 16-уми май ва ниҳоят даври финалӣ санаи 18-уми майи соли ҷорӣ барпо гардида, ғолибони имсолаи он маълум карда шуд.

Аз рӯи овоздиҳии аъзои ҳакамон ва тамошобинон мақоми аввал дар соли 2019 насиби Дункан Лоуренс аз Нидерландия, ҷои дуюм насиби Алессандро Махмуд аз Италия ва зинаи сеюм насиби Сергей Лазарев аз Русия гардид.

Ин бори сеюм аст, ки кишвари Исроил мизбони “Евровидения” мешавад. Қаблан ду маротиба, солҳои 1979 ва 1999 низ мизбони ин озмуни байналмилалӣ буд.

Украина, Туркия, Словакия, Марокко, Монако, Люксембург, Булғористон, Андорра, Босния ва Гертсеговина дар “Евровидения 2019” иштирок кардан нахостаанд.

Озмуни байналмилалии мусиқавии “Евровидения” шурӯъ аз соли 1956 ҳамасола баргузор мегардад ва яке аз бузургтарин чорабинӣ дар ҷаҳон мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here