Мусоҳибаи махсуси хонандаи сомонаи Padida, бо финалисти барномаи “Ну-ка вместе” Фахриддин Ҳакимов.

Ӯ дар барнома чунин гуфта буд: “ Мутаассифона, тоҷикони моро ҳамчун коргару сохтмончӣ эътироф менамоянд, аммо ман мехоҳам исбот кунам, ки тоҷики ҳақиқӣ метавонад саҳнаҳои бузургро фатҳ намояд. Саъй хоҳам кард, ки суруди маро дар тамоми дунё гӯш кунанд ва номбардори Тоҷикистони азизам гардам”. Қарор додем бо ин сароянда ва номбардори миллати тоҷки мусоҳибае анҷон диҳем.  

  – Фахриддини гиромӣ! Лутфан, каме дар бобати ҳаёт ва фаъолияти худ барои мухлисонатон маълумот медодед.

– Сипоси бепоён. Ман хеле хурсанд ҳастам, ки мухлисони азизам дар бобати ман донистан мехоҳанд. Ман, 29 -уми августи соли 1991 дар шаҳри Истаравшан чашм ба олами ҳастӣ кушодаам. Дастпарварди мактаби миёнаи рақами №2 ҳастам. Соли 2013 ба коллеҷи педагогии Иркутск, бахши “санъати эстрадӣ” шомил гардидам. Ҳангоми таҳсил бо якчанд сабабҳо, вақте ки донишҷӯи курси дуюм будам,  ( солҳои 2014 -2015) дар қисми ҳарбии 10103- и Руссиё хизмат намуда, сипас хонишамро идома бахшидам ва соли 2018 коллеҷро сарбаландона хатм кардам. Модарам соҳибхоназан ва падарам ронандаи автобус ҳастанд.  Ҳарчанд, ки мо шаҳрванди Федератсияи Руссиё бошем ҳам, пайваста дар ёди Ватани азизамон ҳастем. Аслан, ман номзад ба унвони устод дар муҳорибаи юнонӣ -римӣ мебошам. Борҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат намуда, дастболо гардидаам. Ҳангоми варзиш карданам, танҳо барои худ суруд мехондам, вале баъди он ки сутунмӯҳраам лат хӯрд, пурра ба мусиқӣ рӯй овардам. Фикр мекунам, ки мусиқӣ бароям чун ҳавое аст, ки нафас мекашам. Соли гузашта, ҳангоми дар барномаи “Ну- ка все вместе” ҳунарнамоӣ кардан, эҳсос менамудам, ки чӣ қадар ҳамватанони азизам маро дастгирӣ менамоянд. Ҳар як овози онҳо бароям пару бол ва нерӯи нав мебахшид. Ман мадюни муҳаббатҳои онҳо ҳастам.

– Шумо бо забони русӣ хеле зебову равон ҳарф мезанед. Шахсе, ки бо Шумо ҳарф мезанад, фикр мекунад, ки бо руси асил суҳбат дорад. Чӣ гуна забони русиро омӯхтед?

– (Механдад). Медонед?  Ман 16 – сола будам, вақте ки баъди хатми синфи 9 ба Иркутск кӯч бастем. Дар он вақт комилан забони русиро намедонистам ба ҷуз калимаҳои элементарии “Здравствуйте”, “Спасибо”.  Як рӯз дар истгоҳ истода будам, ки як пиразани рус омада аз ман чизеро пурсид, аммо дар посух ман табассум мекардаму чизе гуфта наметавонистам. Шояд фикр карда бошад, ки ягон девона ҳастам.  Ҳангоме, ки ба машқ мерафтам, намефаҳмидам, ки устоди варзиш чӣ мегуяд. (механдад).  Аммо бо дастгирии дӯстонам, ки ҳамроҳ машқ мекардем, забони русиро омӯхтам. Варзиш ва дӯстӣ ба ҳама кӯмак менамояд!

– Ҳангоми ширкат дар озмун, ба назар чунин мерасид, ки Шумо дили на танҳо мухлисон, балки доваронро низ ба даст овардаед. Қувваи чозибаи Шумо нихоят баланд буд, ки кулли тамошобинону шунавандагонро мафтуни таронахоятон мекард. Ҳатто “Садои тиллоии Руссия” Николай Басков дар барномаи “Привет, Андрей” нисбат ба Шумо суханҳои нек гуфта буд. Оё баъд аз озмун низ бо онҳо робита доред, ё не?

– Медонед, иштирокчии озмун чунин аст: Ҳангоми ширкат дар озмун ҳама шуморо мешиносаду ҳар як қадами шуморо пайгирӣ мекунад, вале чун  ба интиҳо мерасад, фаромӯшатон мекунад. Николай Басков ситора аст ва баъди озмун, албатта, ки дигар робитаҳо қатъ гардиданд. Вале дар ҳақиқат, бароям мояи ифтихор буд, ки ҳунармандони асил чун Николай маро дастгирӣ менамуданд.

– Агар хато накунам, бештар ба сурудҳои Алексей Чумаков таваҷҷӯҳи зиёд медиҳед. Оё аз сарояндаҳои тоҷик касе ба Шумо писанд аст?

– Не, чаро? Албатта, сурудҳои зиёди Алексейро бозхонӣ кардаам, вале репертуари ман васеъ аст.  Аз эҷодиёти Меладзе, Панайотов,  ҳунармандони машҳури Ғарб ба мисли Scorpions,  Sam Smith, Freddie Mercury низ  зиёд месароям.

Дар мавриди ҳунармандони тоҷики худамон чӣ гӯям? Ростӣ, фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон ҳунарманде нест, ки ӯ дар ҷаҳон машҳур бошад. Масалан, Арашро бинед. Ҳарчанд, ки ӯ бо забони форсӣ месарояд, ӯро дар Шарқу Ғарб мешиносанд. Дар Тоҷикистони мо ҳофизони хуб зиёданд, аммо  мехоҳам, ки сурудҳои онҳоро на танҳо дар Афғонистону Покистон, балки дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон низ гӯш кунанд.

Ҷонибек Муродов низ кӯшишҳое дорад, ки дар Украина мухлисони худро пайдо намояд, боварӣ дорам, ки ӯ низ рӯзе муваффақ мегардад. Дар мавриди ҳофизи писандидаам чӣ гӯям… Бештар сарояндагони хориҷи кишварро гӯш мекунам. Масалан, падарам сурудҳои тоҷикиро низ гӯш мекунанд ва бештар Садриддини Наҷмиддин барояшон писанд аст. Аммо ман ягон ҳофизро мухлисӣ намекунам.

-Бо кадоме аз сарояндагони машҳур мехоҳед, ки дуэт сароед?

– Агар манзуратон ҳунармандони маъруфи дунё бошад, бо Фадеев, Чумаков Эмин. Аз сарояндаҳои нав мехоҳам бо Jony ҳамкорӣ намоям. Аз сарояндаҳои ҷинси зан мехостам бо Анни Лорак ва Гагарина якчоя суруд сароем.

– Дар мусоҳиба бо Андрей гуфтед, ки номзад ба устод дар муҳорибаи юнонӣ -римӣ ҳастед. Боз  ба кадом намуди варзиш майл доред?

– Бале, ман варзишро бениҳоят дӯст медорам. Ман ба варзиш ба таври профессионалӣ машғул будам. Ба футбол, воллейбол ва амсоли инҳо на он қадар рағбат дорам . Бокс, гӯштингирӣ ва амсоли инҳо ба ман маъқул аст.

– Фикр мекунам, баъди фарҷоми озмун ба Шумо пешниҳоди ҳамкориҳо зиёд шудааст. Оё дар нақша доред, ки боз ба озмунҳо ширкат варзед?

– Бале, баъди фарҷоми озмун бароям  пешниҳоди ҳамкориҳо зиёд буданд.

Аммо мутаассифона, аз Тоҷикистони худамон дилсард шудам. Гуфтанд, ки маро ба консерте, ки бахшида ба рӯзи Истиқлолияти ҷумҳурӣ баргузор мегардад, даъват менамоянд ва ман дар он ҷо ширкат мекунам. Дар муддати 2 моҳ маро ба ҷону ҳолам нагузошта, сарамро банд карданд, аммо вақте ки ба консерт рӯзҳои башумор монда буд, хабар доданд, ки ба Тоҷикистон омадани ман лозим нест.

Кадоме аз масъулони консерт ширкати маро бекор кардааст…Ростӣ, хеле мехостам, ки дар саҳнаи калон, пешоруи мухлисони азизам, дар Ватани азизам ҳунарнамоӣ кунам, вале афсӯс… Ҳамин қадар будааст қадри санъаткор. Ман чизе намегӯям, вале медонед, ҳарчанд, ки ғолиби озмун нашудам, вале финалист гардидам. Аз номи Тоҷикистони худам баромад кардам ва дар оянда низ иштирок хоҳам кард. Гап дар сари он ки аз боварии ман сӯйистифода карданд.  Ман итминон дорам, ки дар ояндаи наздик боз пешниҳодҳо мешаванд, вале дар он вақт посухи ман дигаргун хоҳад шуд… Дар мавриди озмун гуфтаниям, ки ин аввалину охирин ширкати ман нест.  Ҳатман ба озмунҳои байналхалқӣ иштирок карда, Ватани худамро муаррифӣ хоҳам кард.

–  Фахриддини гиромӣ, фикр мекунам, ки баъзан иштибоҳҳо низ мешаванд… Барои мухлисони азизатон чӣ гуфтаниҳо доред?

– Ба мухлисони азизам гуфтаниям, ки ҳамеша аз пайи орзуи худ раванд.  Ҳаргиз ба қувваи худ шак накунанд, танҳо ба пеш майл намоянд.  Ҳатто агар тамоми мардуми олам бар зидди шумо барояд ва гӯяд, ки “наметавонӣ”, тасмим гиред, саъй кунед ва гӯед, ки “МЕТАВОНАМ”, он гоҳ дар ҳақиқат  пирӯз хоҳед шуд. Ман то имрӯз бештар ба  бозхонӣ кардани сурудҳои ҳунармандони маъруфи дунё майл доштам, акнун вақте расидааст, ки сурудҳои худамро сабт намоям.  Барои кулли мухлисонам таманно менамоям, ки пайваста сарбаланду шодком бошанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here