Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд боз як телевизиони нави маҳаллӣ рӯзҳои наздик ба кори худ шурӯъ хоҳад кард.

Телевизиони навтаъсис “Ориёнур” унвон гирифта, аз тарафи соҳибкор Сино Ниёзов ташкил шудааст. Ҳоло дар идораи телевизион корҳои омодагиву тарҳрезии барномаҳо ва ба кор қабул намудани рӯзноманигорони ботаҷриба идома дорад.

“Телевизиони навтаъсис ҳама соҳаро дарбар хоҳад гирифт ва мақсад аз ташкили боз як телевизиони маҳаллӣ, пур намудани фазои иттилоотии минтақа мебошад”,-гуфт Хуршед Фозилов, хабарнигори телевизиони навтаъсис дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida”.

Ба гуфтаи манбаъ, телевизион ҳоли ҳозир дар худи шаҳри Панҷакент ва деҳоти атрофи он пахш гардида, минбаъд дигар минтақаҳоро низ фаро хоҳад гирифт.

Телевизиони “Ориёнур” рӯзноманигорони синну солашон аз 18 то 40 сола, наворбардорону танзимгарони касбиро барои кори доимӣ даъват менамояд. Чеҳраи зебои телевизионӣ, нутқи бурро, ҳунари ровигӣ ва маҳорати наворбардориву танзимгарӣ ба назар гирифта мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here