Маҳфили “Ҳамешабаҳор” ашъори шоирони муваффақи кишвар Фарзона ва Озарахшро ба майдони баҳс мекашад.

Санаи 4-уми сентябри соли ҷорӣ, соати 18:00 дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили шеъри “Ҳамешабаҳор” баргузор мегардад.

“Ҳамешабаҳор” ашъори шоирони муваффақи кишвар Фарзона ва Озарахшро ба майдони баҳси худ мекашад. Баҳс перомуни китобҳои ин ду шоир ҷараён хоҳад гирифт. Дастандаркорони маҳфил бар он боваранд, ки баҳс хеле шавқовар ва хотирмон мегузарад.

Дастандаркори маҳфил шоир Хайрандеш дар сӯҳбати телефонӣ бо сомонаи “Padida” иштироки шоирон Озарахш ва Фарзонаро тасдиқ кард.

Тибқи нақша, эшон бояд дар маҳфил иштирок намоянд. Агар ягон мушкилӣ дар роҳ пеш наояд, ҳатман иштирок хоҳанд кард.

Инчунин дар маҳфил иштироки ҳунармандони маҳбуби кишвар Мастона Эргашева, Хосияти Зарафшонӣ, ЗикриОллоҳ, Ҷамшед Исмоилов, Иззат Шарифӣ, Фараҳманд Каримов ва дигарон дар назар аст.

Ғолибонро тӯҳфаҳои қимматбаҳо интизор аст. Иштирок дар маҳфил озод мебошад.

Маҳфили “Ҳамешабаҳор” аз соли 1981 инҷониб баргузор мешавад. Маҳфил имсол 38 солагии худро ҷашн мегирад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here