Фаридуни Хуршед, овозхони ҷавони тоҷик дар барномаи “Ногуфтаҳо” иштирок намуда, оиди зиндагии имрӯза ва ояндааш мухтасар қисса намудааст. Барномаи мазкур санаи 27-уми апрел дар канали “ORZU” дар шабакаи YouTube пахш гардидааст.

Сароянда ду маротиба издивоҷ карда бошад ҳам, ҳеҷ бахт ба рӯяш нахандидааст. Тӯли се сол мешавад, ки ӯ муҷаррад аст. Маротибаи сеюм интихоби арӯсро ба волидони худ вогузошта, дар ҳоли пайдо шудани духтари мувофиқ оиладор хоҳад шуд.

“Бигзор ин маротиба волидонам бароям ҳамсар интихоб кунанд, зеро онҳо рӯзгордида ва таҷрибадоранд. Онҳо дили маро медонанд ва мувофиқ ба завқи фарзанди худ ҳамсар интихоб мекунанд. Ҳоло ҷустуҷӯ доранд ва дар ҳоли пайдо кардани арӯси мувофиқ оиладор мешавам”,-гуфтааст Фаридун дар рафти сӯҳбат.

Инчунин, овозхон ояндаи худро дурахшон мебинад ва ҳар шодиву мусибати ба сараш меомадаро бо хушнудӣ қабул мекунад. Зеро ба андешаи ӯ ин ҳама санҷиш аз ҷониби Худованд аст ва набояд ноумед шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки издивоҷи нахустини Фаридун ба касе равшан нест ва ҳамсари дуюми ӯ овозхони саршиноси кишвар Фарзонаи Хуршед буд. Онҳо соли 2014 оиладор шуда, соли 2017 пас аз се соли оиладорӣ аз ҳам ҷудо шуданд. Закия ва Муҳаммадхуршед, ду фарзанди онҳо имрӯз ҳамроҳи модарашон аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here