Сарояндаи ҷавони тоҷик Аброр Назаров суруд ва намоҳанги ҷадиди худро бо номи “Мову ту” ба ҳаводорони ҳунараш пешниҳод кард.

Сароянда таронаро дар саҳифаи худ дар видеопортали Youtube рӯзи 9-уми юн нашр намудааст. Суруд ва намоҳанг аз ишқ ҳикоят мекунад. Нақшро дар намоҳанг Ҳанифаи Эмомалӣ иҷро мекунад.

“Мову ту якдил будему ҳам якнафас,

Ту бароям ҷон будиву созу ҳавас.

Туро ман меҷустам солҳои дароз,

Диламро бар ту додам, мисли як ёфт…”

Инчунин Аброр Назаров барои дӯстон ва ҳамкоронаш, ки дар сабти тарона ва намоҳанг кӯмакаш намудаанд изҳори сипос кардааст.

Аброр Назаров писари сарояндаи маъруфи натанҳо Тоҷикистон, балки ҷаҳон Далер Назаров мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед!   https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here