Фарзонаи Хуршед, сарояндаи шинохтаи эстрадаи тоҷик навори намозхонии духтарчаи чорсолаи худ Закияро нашр кард.

Овозхон рӯзи ҷумъа дар саҳифаи Инстаграми худ навоеро нашр кардааст, ки дар он духтарчаи чорсолааш Закия дар рӯйи ҷойнамоз калимаҳои арабиро талаффуз карда, ба қавли худ намоз мегузорад.

“Алҳамдулиллоҳ, МошоАллоҳ. Ба ҳар калимаи Аллоҳ гуфтани духтарам баданам меларзад. Алҳамдуллилоҳ, ки Аллоҳ ин рӯзҳоро насибам кард”,-навиштааст Фарзонаи Хуршед.

Давоми се рӯз наворро наздики 30 ҳазор нафар тамошо карда, қариб 400 нафар шарҳ гузоштаанд. Корбарони шабакаи Инстаграм амали Закияро хуб қабул карда, барояш дуои нек додаанд.

Қаблан низ иттилоъ дода будем, ки Закия ва Муҳаммадхуршед, фарзандони Фарзона дар шабакаи Инстаграм соҳиби саҳифаи шахсӣ шуда буданд. Миёни фарзандони санъаткорони тоҷик Фарзона аввалин шуда ин корро барои фарзандонаш анҷом дод.

Фарзонаи Хуршед бо Фаридуни Хуршед соли 2014 издивоҷ карда, соли 2015 Закия ва соли 2016 Муҳаммадхуршедро ба дунё овард. Ситораҳо соли 2017 аз ҳам ҷудо шуданд ва тарбияи кӯдаконро Фарзона ба ӯҳда гирифтааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here