Шоирони шинохтаи Тоҷикистон Озарахш ва Фарзонаро бо таби баланд карантина кардаанд.

Дар ин бора манбаъи мӯътамад ба сомонаи “Padida” иттилоъ дод.

“Мутаассифона хабари карантина  кардани устодон Озарахш ва Фарзона рост мебошад. Ман каме пеш бо наздиконашон сӯҳбат кардам. Айни ҳол ҳолашон хуб мебошад”,- гуфт манбаъ.

Манбаи дигар мегӯяд, хушбахтона натиҷаи тест оид ба коронавирус манфӣ баромадааст.

Шоирон дар яке аз беморхонаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба карантина фаро гирифта шудаанд.

Чанд рӯз қабл шоира Фарзона шеъреро бо унвони” Худо моро нигоҳ дор” навишта буд, ки онро шаш нафар сарояндагон аз шимоли кишвар ба оҳанг кашида буданд.

Инчунин шеъри мазкурро ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ низ ба риштаи оҳанг кашида буд, ки мардум онро хеле хуш пазируфта буданд.

Аҳли эҷоди сомонаи “Padida ” ба устодон шифои комил мехоҳад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед!   https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here