Тасвири портрети аҳли фазл дар санъати тасвирии муосири тоҷик дар асарҳои рассоми шаҳир Иван Лисиков (1927-1986) ба авҷи худ расидааст. Дар ин зимн аз тасвирҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифов, ки бо ҷавҳари фалсафии худ барҷаста ва нодиранд, бояд ёдовар шуд.

Портрети “Устод Мӯъмин Қаноат” (2004), аз силсилаи “Субҳи сафед”-и рассом Сабзалӣ Шарифов маҳсуб меёбад. Ин силсила тасвирҳои шахсиятҳои пурнуфузу гаронмояи миллатро фаро мегирад. Дар ин силсила тасвири чеҳраҳое чун Толиб Шаҳидӣ, Сайф Раҳимзод, Гулчеҳра Содиқова, Мусаввари Рӯшонӣ ва дигарон шомиланд. Дар ин портрет симои солори Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат наққошӣ шудааст.

Бузургтарин мушаххасоти маъноӣ миёни асари мазкур аз дигар асарҳои ҳамто, дар ҳолати равонии қаҳрамон мебошад. Сабзалӣ Шарифов симои солор ва хирадмандонаи қаҳрамонашро бо ҷузъиёти муҳит ва рангу нурҳо дар шакли комил пешкаш кардааст. Нубӯғ ва фарзонагии устод Мӯъмин Қаноат маҳз дар ҳамин асар барҷаста мунъакис ёфтаанд.

Ранги нилӣ ва ё кабуди сиёҳчатоб дар санъати тасвирӣ мазоминеро тимсоли умқ, беинтиҳоӣ, беҳадӣ, осудагӣ, амният ва боварӣ баён месозад. Ин ранг ҳамчунин намоди ҷаҳон, хостори ҷустани маънои ҳақиқат буда, барои эҷод кардани андеша бобати зиндагӣ замина фароҳам месозад. Ранги мазкур дар тасвири муҳити қаҳрамони асар, ҳолати рӯҳии қаҳрамонро ифода месозад.

Бешак ҳама аносири мавҷуд ба сужети мавриди назар алоқамандӣ доранд. Портрети мазкур бо вуҷуди соддагӣ композитсияи мукаммалеро мемонад, ки ҳар воситаи таркибӣ ба ҳам тавъам шуда, мазмуни куллеро ифода мекунанд. Воситаҳое монанди фонус, китоби дасти қаҳрамон ва аз ҳама муҳим, тасвири куллаҳое, ки дар пасманзари қаҳрамон қарор дорад, баёнгари ҳирфаиву шахсияти қаҳрамонанд. Пеш аз ҳама қуллаҳои барфпӯши Бадахшон ишора ба зодгоҳ ва сипас ба хислату хӯ ва сарфарозиву арҷмандии Мӯъмин Қаноат аст. Сабзалӣ Шарифов дар инъикоси хусусиёти этникии қаҳрамони асараш аз унсури чашмрасу ҳадафманд истифода кардааст.

Нигоҳи уқобӣ, мӯйҳои сафеду панҷаҳои гиро, ки нишон аз умри пурпечу пурифтихоранд, возеҳ ва амиқ наққошӣ шудаанд. Агар аз антропология ҳамчун ҷузъи санъати тасвирӣ кор бигирем, бояд зикр намоям, ки симо ва қомати устод Мӯъмин Қаноат дар қолаби аккосӣ ва наққошӣ муносибу зебанда аст. Ин нуқтаро дар тасвирҳои дигари Мӯъмин Қаноат метавон вохӯрд.

Дар маҷмӯъ вобаста ба талаботи аслии портретнигорӣ ин амали рассом Сабзалӣ Шарифов хислатномаи басарии Мӯъмин Қаноатро зоҳир мекунад.

Ҳусайн МАҲМУДОВ, махсус барои Padida.tj

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here