Овозхон ва ҳунарпешаи ҷавони тоҷик Фарзонаи Файз намоҳанги ҷадиди худро, ки дар шаҳри Тошканд сабт шудааст, нашр кард.

Намоҳанг “Қасам” унвон гирифта, дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки ҳунарманди ӯзбек Адиз Раҷабов бо арзиши панҷ ҳазор доллари амрикоӣ рӯи навор омадааст.

Матн моли шоир ва рӯзноманигор Орзу Исоев буда, ба он овозхон ва оҳангсоз Зайн оҳанг бастааст. Танзим ва банду басти таронаро низ Зайн ба ӯҳда гирифта, намоҳанг дар таҳияи коргардони ӯзбек Муслимбек Ризо сабт шудааст.

Фарзонаи Файз дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida” аз дубора барқарор шудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек изҳори хушнудӣ карда, афзуд, ки бо санъаткорони ӯзбек кор кардан барояш хеле роҳат аст.

“Дар Тошканд шароит барои санъаткорон хубтар аст. Чандин нафар дар гирдат парвонаанд ва ҳис мекунӣ, ки дар ҳақиқат ҳунарманд ҳастӣ. Сатҳу сифати корашон низ дар сатҳи олӣ аст. Арзиши корашон гарон бошад ҳам, таъби дил омода мекунанд”.

Ҳамчунин, овозхон сабаби чанд муддат кампайдо буданашро ба серкорӣ ва банд будан ба сабти намоҳангу дигар таронаҳои ҷадид рабт дод.

“Имрӯзҳо хеле серкор ҳастам. Боз барои сабти клипи дигарам ба хориҷа меравам. Таронаҳоямро бояд сабт кунам, зеро имсол консерти яккаи худро барпо карданӣ ҳастам. Баъдан сабаби дигари камнамо буданам ин саволҳои ноҷои бархе аз рӯзноманигорон мебошад. Бояд қайд кунам, ки ман “чёрный пиар”-ро дӯст намедорам”.

Фарзонаи Файзро ҳамагон аз нақши Нозанини деҳотӣ дар филми ҳунарии “Беҳуда хорам мекунӣ” ва аз нақши лӯлидухтар дар филми “Бедил” мешиносанд. Акнун ният дорад, ки дар филми истеҳсоли синамогарони ӯзбек ҳамроҳ бо Адиз Раҷабов нақш офарад.

“Қасам” нахустин намоҳанги овозхон дар хориҷи кишвар буда, овозхон ният дорад, ки минбаъд низ намоҳангҳояшро ҳам дар дохилу ҳам дар хориҷ бо сифати баланд сабт ва пахш намояд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here