Шоираи нозукбаён Фарзонаи Хуҷандӣ бо нашри номаи сипосе миннатдории худро ба дӯстону ҳаводорони ашъораш бахшида ба рӯзи зодрӯзаш баён намуд.

“Сипос Худованди Якторо, ки ба ман тариқи дӯстдориро омӯхт. Диле бахшид, ки аз ранҷи халқ об шаваду аз шодии халқ бол занад.

Як забон дорам, ҳамон ҳам мункасир                                                                  Дар хиҷолат аз ту, эй донои сир                                                                            Гар Худо додӣ маро понсад забон,                                                                Гуфтаме шарҳи ту, эй ҷону ҷаҳон.

Шарҳи муҳаббати ман ба якояки шумо достони дароз аст. Тафсири шукру сипоси ман ба унвони азизи шумо дарозтар аз он, аммо агар он ҳамаро рӯйи суфра як-як бигзорем, боз ҳам кифоят нест:

На Лайлоям, ки Маҷнуни шумоям,                                                                          На дирӯзам, ки акнуни шумоям.                                                                              Ба подоши муҳаббатҳои содиқ                                                                                Чӣ пардозам, ки мадюни шумоям.

Маро фақат ба унвони фарроше шиносед, ки бо ин рутбаам ифтихор мекунам: фарроше, ки бо ҷорӯби ғайб (қалам) гарду чангу кинаву наҳсу ғуборро мехоҳад аз дилҳо бирӯбад, ҷонҳоро полоиш диҳад, рӯҳҳоро бо сабоҳати субҳ ошноӣ диҳад, фикрҳоро мутаҳҳар созаду дилҳоро ба истиқболи муҳаббат омода намояд. Ҳамаи шумо вурудномаи ҷовидон ба баҳорхонаву нигорхонаи дили ман ёфтаед, ки мақдаматон мукаррам бод. Ман касеям аз қаламрави тирамоҳу обон, аммо ҳамин саодатро ҳам дорам, ки баҳорро, яъне инсонҳои наврӯзсимову наврӯзмаънову наврӯзмоноро, яъне шуморо дӯст дораму дуруд гӯям:

Обони маро баҳор кардӣ, хуш бош,                                                                  Ялдои маро наҳор кардӣ, хуш бош.                                                                        Хуш бош, ки ҷону дили зебоятро,                                                                              Бо ҷону дилам дучор кардӣ, хуш бош!”, -навиштааст Фарзона дар гурӯҳи фейсбукии “Озарахш ва Фарзона”.

Дирӯз, 3-юми ноябри соли равон Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Фарзонаи Хуҷандӣ 55-солагии худро таҷлил кард.

Ба ин муносибат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили Фарзонаи Хуҷандӣ ташриф оварда, соҳибҷашнро ба муносибати 55-умин солгарди умраш табрик кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни сӯҳбат аз хизматҳои шоёни Фарзона дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуда, таъкид кард, ки зиндагӣ ва кору пайкори шахсиятҳои камназире ба монанди Фарзона худ гувоҳи он аст, ки адабиёти пурғановати тоҷик дар ҳама давру замон меросбарони худро дорад.

Дар охир раиси вилоят бо изҳори беҳтарин таманниёт ба шоири маъруфу ширинкалом саломатии бардавому хонаи обод ва дар ҷодаи эҷод бурдбориву комёбиҳои нав орзу кард.

Ҳамчунин, санаи 3-юми ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод ташриф оварда, ӯро ба муносибати 81-солагиаш табрик намуд.

Фарзонаи Хуҷандӣ (Иноят Хоҷаева) 3-юми ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар задгоҳаш фаро гирифта, Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷандро хатм кардааст.

Шеърҳои аввалинаш дар ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар васоити ахбори ҷумҳурӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустини ашъораш “Тулӯи хандарез” аст, ки сол 1987 бо сарсухани Лоиқ Шералӣ нашр гардида буд.

Шоири номвари тоҷик то имрӯз китобҳои худро бо номҳои “Шабохуни барқ” (1989), “Ояти ишқ” (1994), “То бекаронаҳо” (1998), “Меъроҷи шабнам” (2000), “Қатрае аз Мӯлиён” (3 ҷилд, 2003), “Як ғунча роз” (2005), “Сӯзи нотамом” (2005), “Мӯҳри гули мино” (2007), “Гузидаи ашъор” (2009), “Сад барги ғазал” (2008), “Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ” (2008), “Парниёни ҷон” (2011), “Себарга” (2011), “Набзи борон” (2013), “Ҳама гул, ҳама тарона” (2014), “Дарёи сӯзон” (2014) ба нашр расонидааст, ки хонандагони сершумори худро доранд.

Дорандаи унвони олии Шоири халқии Тоҷикистон, ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1995), Ҷоизаи ҷавонони вилояти Суғд (1995), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008) ва ордени “Шараф” мебошад.

Намунае аз ашъори шоира Фарзонаи Хуҷандӣ:

Аз ғайр пеши ёр шикоят намекунам,
В-аз ёр пеши ғайр ҳикоят намекунам.
Ҷуз дӯст доштан чӣ гунаҳ кардаем мо,
Дигар аз ин зиёда ҷиноят намекунам.
Бисёр сода бо ту сухан мекунам кунун,
Минбаъд ҳеҷ рамзу киноят намекунам.
Бовар накун ба вақт бигӯям, ки баъд аз ин
Қонуни кишвари ту риоят намекунам.
Барномаам пажӯҳиши инсони комил аст,
Бо қатрае зи баҳр кифоят намекунам.
Қурбониям бубин, ки ҳама умр, эй азиз,
Дилро зи зарбаи ту ҳимоят намекунам.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here