Пардозгари номии тоҷик Мавзунаи Ҷовид имрӯз, 14-уми сентябр 27-солагии худро дар муҳити аз солҳои қаблӣ фарқкунанда ҷашн гирифт.

Соҳибҷашнро кулли дӯстонаш, ки қисми зиёди онҳо ситораҳои шоу-бизнес мебошанд, табрику шодбош гуфтаанд.

Фарзонаи Хуршед, овозхони муваффақи тоҷик ва муштарии доимии Мавзуна дар саҳифаи Инстаграми худ аз оне ки дар рӯзи хурсандии дӯсти наздикаш дар бари ӯ буда натавонист, узрхоҳӣ кардааст.

“Имрӯз натанҳо иди ту, балки иди мо ҳам ҳаст. Имрӯз нахустин зодрӯзи туст, ки бо фарзанди ҷигарбандат ҷашн мегирӣ. Азизам, ин рӯзи нотакрорро бароят муборакбод мегӯям. Пас аз дӯстиамон ин якумин зодрӯзи туст, ки ман ба табрики ту омада натавонистам ва барои ин назди ҳама аз ту узрхоҳӣ мекунам. Азизам, наомадани ман сабаб дошт ва кӯшиш мекунам, ки гуноҳамро бишӯям”,-навиштааст Фарзонаи Хуршед.

Худи Мавзуна бошад, бо нашри аксҳои оилавӣ дар саҳифаи Инстаграмаш зодрӯзи имсолаашро беҳтарин зодрӯз дар 27 соли ҳаёташ унвон кардааст.

“Имрӯз ман 27-сола шудам ва ин беҳтарин зодрӯз дар тамоми ҳаёти ман аст. Кабирҷон (писарчааш) ту ба ман тамоми дунёро ҳадя кардӣ”.

Мавзунаи Ҷовид ва шавҳараш тӯли чанд сол дар интизори фарзанд буданд ва ниҳоят имсол ниҳоли умрашон бор оварду соҳиби писарчаи дӯстрӯяк шуданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

1 шарҳ

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here