“Ман намегӯям, ки Фаридун инсони бад аст. Не! Ӯ беҳтарин инсон аст. Ӯ падари фарзандонам аст. Ҳар чизеро ки ӯ аз ман талаб кард, ман барояш муҳайё карда тавонистам, аммо…”

Фарзонаи Хуршед – сарояндаи ҷавону маҳбуби эстрадаи тоҷик 11-уми июли соли 1989 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. Модараш ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова ва падараш Хуршед Рабиев дар мақомоти милитсия кору фаъолият мекард. Фарзона дар оила духтари яккаву ягона набуда, хоҳари овозхони маҳбуби кишвар Шабнами Сурайё мебошад ва як апаву додари дигар низ дорад. Дар оилаи ҳунарманд таваллуд шудану ба воя расидан ва аз ҳунару истеъдоди модару хоҳар илҳоми тоза гирифтан буд, ки Фарзона ҳам ба ҷодаи санъат пой ниҳод.

Аз овони кӯдакӣ мисли модари ҳунармандаш суруд мехонд ва соли 2008 бори нахуст замони 19 сола буданаш дар саҳнаи калон баромад кард ва бо садои маҳинаш дили аввалин мухлисонашро ба даст овард. Худи ҳамон солҳо дар Интернет наворе паҳн шуд, ки Фарзона дар шаҳри Маскав дар як клуб ҳам суруд мехонду ҳам мерақсид ва муҳоҷирони тоҷик гирди ӯ ҷамъ шуда, тарафдорӣ мекарданд. Ин навор диққати бештари корбарони Интернетро ба худ ҷалб кард ва ба Фарзона шӯҳрати аз пештара бештарро овард.

Соли 2010 Фарзона ба мушкилие дучор омад ва як муддат аз саҳна дур шуд. Ӯ Фаррух Рӯзиев ном ҷавонеро дӯст медошт ва ҳарду муносибатҳои ошиқона низ доштанд. Фаррухро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданду Фарзона бехабар аз қаллобиҳои ҷавони дӯстдоштааш ба хотири ишқ барои гурехтани Фаррух аз толори суд ёрӣ расонид. Аз рӯи баъзе сарчашмаҳо ҳангоми фирор намудани Фаррух сари чамбарак Фарзонаро дидаанд, ки дӯстписарашро мегурезонд. Пас аз ин нисбати Фарзонаи Хуршед парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯро мутобиқи моддаи 36-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барои ҳамдастӣ дар ҷиноят” ба ҷавобгарӣ кашиданд. Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Фарзонаро барои ин амалаш 2 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Дар муддати рӯйи саҳна набудани Фарзона дили мухлисон барои ӯ танг мешуд ва бесаброна интизори аз маҳбас баромадани ҳунарманди маҳбуби дилашон буданд. Мухлисон Фарзонаро “маҳбуси ишқ” меномиданд. Ниҳоят, пас аз як соли адои ҷазо соли 2011 Фарзона ба озодӣ баромад. Соли 2013 падари Фарзона Хуршед Рабиев аз олам чашм пӯшид ва ин мусибат ба Фарзона бетаъсир намонд. Зиндонӣ шудан ва аз даст додани падар, ин ду ҳодисае буд, ки Фарзонаро сахт рӯҳафтода кард. Тӯли ин муддатҳо Фарзона ба куллӣ аз саҳна дур буд ва ҳеҷ шеъру оҳанге барои мухлисонаш эҷод намекард.

Соли 2014 Фарзона ҳамроҳи хоҳарбузургаш Шабнами Сурайё ва ҷиянаш Шарифамоҳи Шабнам ба Арабистони Саудӣ, шаҳри Макка сафар анҷом дода, хонаи Худоро зиёрат карданд ва мақоми “Ҳоҷибибӣ”-ро ба худ касб намуданд. Пас аз зиёрати хонаи Худо Фарзона муддате куллан тағйир ёфт. Сурудҳои ба дин алоқамандро месароиду бо либосҳои исломӣ ба саҳна мебаромад. Таронаи “МашаАллаҳ” ё худ “Салавот бар Муҳаммад” далели гуфтаҳои болост.

Соли 2014 рӯзномаву маҷаллаҳо дар бораи муносибатҳои ошиқонаи Фарзонаи Хуршед ва сарояндаву оҳангсози ҷавон Фаридуни Хуршед маводҳо ба табъ расониданд. Фаридун дӯсти пешинаи оилаи Фарзона ба ҳисоб мерафт ва онҳо аз хурдӣ ҳамдигарро мешинохтанд. Падари Фаридун оҳангсоз буд ва барои модари Фарзона Сурайё Қосимова оҳанг эҷод мекард. Худи Фаридун бошад, бо таронаи “Мануэлла” маҳбубияти халқро ба даст овард.

Васоити ахбори омма, ки чанде қабл дар бораи муносибатҳои ошиқонаи Фарзона ва Фаридун менавиштанд, акнун мегуфтанд, ки ошиқон никоҳи мусулмонӣ кардаву якҷоя зиндагӣ доранд ва инро аз мардум пинҳон мекунанд. Соли 2015 рӯзноманигорон хабар доданд, ки Фарзонаи Хуршед ҳомиладор аст ва пас аз чанде духтарчае ба дунё овард, ки Закия номгузорияш карданд. 15-уми сентябри соли 2015 Фарзонаву Фаридун расман оиладор шуданд. Тӯйи онҳо дар шаҳри Кӯлоб, дар зодгоҳашон бо тантана баргузор гардид.

Соли 2016 Фарзона бори дуюм модар шуд ва ба мухлисонаш хабар дод, ки ба писараш Муҳаммадхуршед ном ниҳодааст. Тарбия ва нигоҳубини ду тифли хурдсол ба корҳои эҷодии Фарзона умуман халал ворид намекунад. Баръакс, Фарзона мегӯяд, ки вақте фарзандонамро мехобонаму сари болини онҳо менишинам, барои эҷоди сурудҳои баъдӣ идеяҳои хуб ба сарам меоянд. Ҳангоми дар сафарҳои ҳунарӣ қарор доштани Фарзона модараш ва хоҳарбузургаш Рӯзигул нафароне мебошанд, ки овозхон нигоҳубини тифлаконашро ба онҳо бовар мекунад.

Соли 2017 матбуоти даврии кишвар дар бораи ҷудо шудани ин ду ситора сару садоҳо баланд намуданд. Фарзонаи Хуршед дар барномаи интернетии “Аз дил ба дил” ҳақиқат доштани ин овозаҳоро тасдиқ намуд. Ӯ дар барномаи мазкур аз Фаридун гила намуда, ӯро сабабгори пош хӯрдани оилаашон мешуморад.

“Ман намегӯям, ки Фаридун инсони бад аст. Не! Ӯ беҳтарин инсон аст. Ӯ падари фарзандонам аст. Ҳар чизеро ки ӯ аз ман талаб кард, ман барояш муҳайё карда тавонистам, аммо ҳар чизе ман аз ӯ хостам, ӯ натавонист барои ман муҳайё бикунад”,-мегӯяд Фарзона дар барномаи “Аз дил ба дил”.

Инчунин, овозхон қайд намудааст, ки имрӯз бо Фаридун дӯст ҳастанд ва ӯ ҳар гоҳе ки бихоҳад, метавонад омада фарзандонашро бубинад ё бо худ бибарад. Фарзона дар оянда ба Фаридун хушбахтӣ орзу намуда, худ низ дар интизори шоҳзодаи аспсавори орзуҳояш мебошад.

Дар оғози соли 2017 дар арафаи Соли нави мелодӣ Фарзонаи Хуршед бо кӯмаки продюсераш Баҳриддини Сабур таҳти унвони “Дар меҳмонии Фарзона” барномаи консертие ташкил намуда, беҳтарин сарояндаҳоро дар як саҳна ҷамъ овард. Дар охири ҳамин сол бошад, дар толори Филармонияи давлатии ҷумҳурӣ ба номи Акашариф Ҷӯраев бо номи “Ҳамнафаси ишқ”, ки мухлисон муддатҳои тӯлонӣ интизораш буданд, консерти бошукӯҳе барпо намуд. Консерт се рӯз идома ёфта, толор пур аз мухлисон ва Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё ва Фаридуни Хуршед ҳамчун меҳмон иштирокчии ин барнома буданд.

“Барои баргузории ин консерт ман маблағи калон сарф кардам, то ки як чизи хубу аз дигарон фарқкунандаро пешкаши мухлисонам созам. Сабаби чанд муддат хомӯш буданам низ ҳамин аст. Бо як тарзи нав баромадан хостам. Барои ин консерт мо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон раққосаҳоро даъват намудем ва тарроҳи ман Умед Негматов бароям беҳтарин пироҳанҳои саҳнавиро омода намуд. Барои кӯмаку дастгириҳояшон аз кулли эшон миннатдорам”,-изҳори миннатдорӣ намудааст Фарзона дар яке аз мусоҳибаҳояш бо рӯзноманигорон. Бори охир Фарзона ҳамроҳи Шабнам соли 2012 дар толори “Кохи Борбад” консерти худро пешкаши ҳаводоронашон гардонида буданд.

Фарзонаи Хуршед мегӯяд, ки дар рӯи саҳнаи ҳунар буданашро имсол 18 сол мешавад. Пас маълум мешавад, ки ин бонуи ҳунар аз замони 12 сола буданаш ҳунарнамоӣ мекард ва танҳо дар соли 2008 барояш имконият даст дод, ки ба саҳнаи калон барояд. Фарзона дар давоми фаъолияти 18-солааш барандаи ҷоизаҳои дохиливу хориҷӣ гардидааст. Ҷоизаи “Ситораи сол 2008”-ро бо таронаи “Ёракум омад”, “Суруди сол 2016”-ро бо суруди “Чӣ қадар фасон”, “Сарояндаи сол 2017”-ро бо таронаи “Гули бодом”, “Tamoshow Music Awards 2016”-ро бо суруди “Нафас” ва “Tamoshow Music Awards 2017”-ро бо таронаи “Ҷовидон” ба даст овардааст.

Соли 2014 сазовори ҷоизаи байналмилалии “Big Apple Music Awards 2014” бо суруди “Биё-биё” дар шаҳри Ню-Йорки Амрико, соли 2015 гирандаи ҷоизаи “Big Apple Music Awards 2015” бо суруди “Чизе нест” ва соли 2017 барандаи ҷоизаи “Daf Bama Music Awards 2017” бо таронаи “Гули бодом” дар шаҳри Ҳамбурги Олмон гардидааст. Дар соли 2018 низ Фарзона аз сафи фаъолон қафо намонда, тавонист ҷоизаи “Universal Ledi”, яъне “Бонуи ҳаматарафа”-ро ба даст биёрад. Дар соли 2019 бошад, ӯ чун қаблӣ пешсаф аст. Аввалин шуда 4-уми марти соли 2019 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷоизаи “Golden People Awards”-ро бо таронаи “Шарт нест”соҳиб гашт.

Дар эҷодиёти Фарзонаи Хуршед суруду клипҳои диданиву шуниданӣ кам нестанд. Клипҳои “Каси сеюм зиёдатист”, “Маҷнунам гаштӣ”, “Биё-биё”, “Саршӯён”, “Ҳабиби дил” ва “Ёри ниқобӣ” пурбинандатарин клипҳои овозхон дар шабакаи Интернет мебошад. Шояд Фарзонаи Хуршед бо дигарон ҳамкорӣ карданро дӯст намедорад, зеро ғайр аз наздикони худ бо касе суруди якҷоя насароидааст. Бо хоҳарбузурги ҳунармандаш Шабнами Сурайё таронаҳои “Буро-буро”, “Иллоҳӣ”, “Дар кунҷи дилам”, “Ёрам” ва “Маҷнунҷон”, дар якҷоягӣ бо модараш Сурайё Қосимова ва Шабнами Сурайё сурудҳои “Наврӯзӣ”, “Қадакат хирмани гул” ва “Пешвои миллат” ва бо Фаридуни Хуршед таронаи “Ҳабиби дил”-ро иҷро намудааст.

Соли 2018 Фарзона дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ ба мухлисонаш дар бораи бори дуввум издивоҷ карданаш хабар дод. Шавҳараш Ҷовид ном дошта, ба кадом касбу кор машғул буданаш маълум нест. Фарзона низ мисли аксар сарояндагон дар бораи оилаи худ ҳарф заданро дӯст намедорад. Хуллас, имрӯз зиндагии обод дорад ва дар канори фарзандонаш хурсанду хушбахт аст. Вале ӯ намехоҳад, ки оянда фарзандонаш ҳунарманд бошанд. Ӯ мехоҳад, ки ҷигарбандонаш касби дигареро интихоб намуда, дар соҳаҳои дигар ҳамчун намоянда аз Тоҷикистон кишвари моро дар ҷаҳон муаррифӣ бикунанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here