Дирӯз, 21-уми майи соли равон овозхони шинохтаи кишвар Фарзонаи Хуршед зодрӯз дошт ва ӯро дар ин рӯзи фаромӯшнашавандаи ҳаёташ фиреб кардаанд. Дар ин бора худи овозхон дар саҳифаи Инстаграм хабар додааст.

Овозхон дар шабакаи Инстаграм саҳифаи “shahnoza_torti_na_zakaz”-ро, ки ба омода намудани шириниҳо машғул аст, пайдо намуда, хоҳиш мекунад, ки барои рӯзи мавлудаш ширинии идона омода намояд ва ин фармоиш аз тарафи Шаҳноза қабул ҳам мешавад. Вале ҳамагӣ чор соат қабл аз таҷлили ҷашни мавлуди овозхон телефони Шаҳноза ба занги Фарзона ҷавоб намедиҳад.

“Ҳар одам барои худаш рӯзи махсус дорад. Наход дар ҳамин рӯз ин хел рафтори аблаҳона кунӣ? Дар байни чор соат дигар киро бигӯям, ки барои ман ширинӣ омода кунад? Аз аввал намекунам мегуфтӣ, ман ҳам фикрашро мекардам. Наход ба калла гириву телефонатро хомӯш кунӣ? Наход инсонро дар рӯзи махсусаш ҳамин хел ранҷонӣ? Ҳазор раҳмат, ИншоАллоҳ ман корамро ҳал карда метавонам, лекин ин корро дар ҳаққи ягон камбағал накун! Ба Аллоҳ супоридамат”,-навиштааст Фарзонаи Хуршед дар Инстаграм.

Маълум мешавад, ки Шаҳноза барои омода намудани ширинӣ пешакӣ маблағ ҳам гирифтааст, вале бо сабабҳои номаълум ногаҳон телефонро хомӯш кардаву дастнорас гаштааст.

Ба ин нигоҳ накарда, зодрӯзи овозхон дар сатҳи баланду муҳити оилавӣ таҷлил гардида, дӯстону наздиконаш ӯро табрику шодбош намудаанд. Гулдастае, ки аз 2501 дона садбарги ранга иборат асту дар “лифт” намеғунҷад, диққати ҳамагонро бештар ба худ ҷалб кардааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here