Рӯзи гузашта, 16-уми октябр дар толори бузурги Хонаи кино (кинотеатри “Зебунисо”) маросими кушодашавии Ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” баргузор гардид.

Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мустанад “Дидор” то 20-уми октябр идома ёфта, дар доираи он 57 филми мустанад ба намоиш гузошта мешавад.

15 филми байналмилалии озмунӣ, 8 филми озмунии тоҷикӣ, 11 филми ғайриозмунии байналмилалӣ ва тоҷикӣ дар доираи ҷашнвора ба намоиш гузошта мешавад.

Дар ҷашнвораи мазкур филмҳои офаридаи коргардонҳои кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон Озарбойҷон, Русия, Афғонистон, Британияи Кабир, Олмон, Ҳолланд, Эрон, Исроил, ИМА, Фаронса, Чехия ва ғайра иштирок менамоянд.

Филмҳои Ҷашнвораи “Дидор” аз ҷониби ҳакамони зерин баҳогузорӣ мешаванд: Г. Абикиева, доктори илмҳои ҳунаршиносӣ, киношинос (Қазоқистон), Алиризо Шоҳрухӣ, мудири иҷроияи IRIB MEDIF TRADE оид ба дистрибутсия (Эрон), наворбардор ва коргардони филмҳои мустанад (Тоҷикистон) Г. Дзалаев.

Ёдовар мешавем, ки ҷашнвора ба гиромидошти мустанадсози маъруф Мамадқул Арабов бахшида мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here