Фарзонаи Хуршед сарояндаи номии эстрадаи тоҷик бо нашри видеое аз мухлисони худ, кӯмак хостааст. Ӯ аз мухлисонаш мехоҳад бифаҳмад, ки  ба онҳо фарбеҳ ё лоғар буданаш писанд аст.

Ба гуфтаи Фарзона, ӯ тӯли чанд моҳи ахир ба варзиш машғул шуда, 18 килограм вазн гирифтааст. Наворро сароянда дар “сторис” – и инстаграми худ нашр кардааст.

Мухлисонам оинаи ман ҳастанд. Ман бо ёрии спорт 18 кило вазн гирифтам. Фикр мекунам, ки ба мухлисони ман писанд меояд. Ё барои Шумо ҳамон Фарзонаи лоғарак писанд аст? Ба ки харобӣ ва ё фарбеҳии ман писанд аст?” – мегӯяд Фарзона. 

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сароянда аз муҳити Солинавии хонаи худ тавсиф намуда навори онро дар саҳфаи инстаграми худ гузошта буд.

Инчунин дар арафаи Соли нави милодӣ барои мухлисонаш таронаи ҷадиди худро бо номи” Оре – оре” бо намоҳангаш пешкаш карда буд, ки аз ҷониби ҳаводоронаш ба хубӣ пазируфта шуда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here